Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Корнамоӣ ва мардонагии падарон дар солҳои ҶБВ

Шамсов Тоҷиддин соли 1926 дар деҳаи Бойдараи ноҳияи Файзобод дар оилаи деҳқон таваллуд шуда, соли 1944 мактаби ҳафтсолаи ноҳияи номбурдаро ба итмом расонидааст. Соли 1944 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС даъват шуда то моҳи феврали соли 1950 адои хизмат намудааст. Фаъолияти хизматияшро аз синни 16-солагӣ ҳамчун ҳисобчии колхози «Сако»-и ноҳияи Файзобод оғоз намудааст.

Ба гуфти ҳамдиёрон падари ӯ - Раҷабов Шамс соли таваллудаш 1853, зодаи қишлоқи Тусафи ноҳияи Файзобод, дар барқароркунии сохти Ҳукумати Шуравӣ ҳамчун инқилобчӣ фаъолона иштирок намудааст.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз 15 феврал то октябри соли 1945 ҳамчун аскари қатории қисми низомии 22749 ва баъди он аз октябри соли 1945 то сентябри соли 1950 дар қисмҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС дар шаҳри Бухарест хизматро ба ҷо овардааст.

Шамсов Тоҷиддин соли 1950 ба Ватан баргашта, ба созандагию бунёдкорӣ камари ҳиммат мебандад. Аз моҳи феврали соли 1952 то моҳи майи соли 1964 ба ҳайси милитсионери взводи Раёсати милитсияи ВКД ҶШС Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз  моҳи майи соли 1964 то ноябри соли 1979, яъне то рӯзи ба нафақа баромадан ҳамчун милитсионери взводи канвои Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе адои вазифа намудааст.

Ин марди некному накӯкор барои хизматҳои шоён ва саҳми арзанда гузоштан дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, риояи қонуният ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон бо ордену медалҳои зерин мукофотонида шудааст:

- медали  «20-солагии Ғалаба дар ҶБВ»,

- медали «Барои хизматҳои  шоён дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ»,

- медали «30 - солагии Армияи Советӣ»,

- медали «50 - солагии милитсияи ИҶШС»,

- медали «Собиқадори Меҳнат»,

- медали «Барои хизмати шоиста» - дараҷаи 3, 2, 1.

Ин марди шариф айни ҳол дар ҳалқаи фарзандону наберагон давлати пирӣ ронда, шукргузорӣ аз тинҷию амонӣ, сулҳу субот ва ободонию пешравии Ватани азизамонро мекунад.  

Раҳмонов Ғолибҷон, таҷрибаомӯзи факултети журналистикаи ДМТ.


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика