Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бахшида ба пешвози 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Бойматов Ҳамро 1-умиянвари соли 1919 дар ноҳияи Темурмалик таваллуд шуда, мактаби миёнаро низ дар ҳамин ноҳия хатм кардааст. Ӯ 28-уми марти соли 1940 ба даъвати комисариати вилоят ба Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС ба хизмат даъват гардида, аз рӯзҳои саршавии ҷанг худро ҳамчун аскари далеру матинирода нишон додааст. Аммо тири душман ин сарбози қаториро дар набардҳои ҷангӣ, 18-уми октябри соли 1941 захмдор сохт, вале Бойматов Ҳамро баъди табобат боз дубора баҳри ҳимояи марзу бум, ободӣ, оромӣ ҷонбозӣ намуда, хизматро бо сари баланд идома дод. Аммо тири нохалафи душман ин навбат низ мехост ӯро аз ҳаёт маҳрум созад. Ӯ ҳангоми набардҳо 12-уми августи соли 1942 боз захмдор шуда, дар госпитали ҳарбӣ бистарӣ мегардад. Пас аз табобат 8-уми марти 1943 ба қисми ҳарбӣ бар гашта, то 1-уми январи соли 1946 дар набардҳои ҷангӣ иштирок мекунад.

Бойматов Ҳамроҳ мисли дигар ҳамватанони мо моҳи феврали соли 1946 ба Ватан бар мегардад. Ҳисси ватандӯстӣ ва ҳимояи халқу миллат дар дили ӯ ҷой гирифта, ҷавонмарди шуҷои Ватанро барои идомаи хизмат ба мақомоти корҳои дохилӣ меорад. Ин аст, ки номбурда санаи 1-уми майи соли 1946 дар Вазорати корҳои дохилӣ ҳамчун корманди милитсия ба кору фаъолият шурӯъ мекунад.

Фаъолияти хизматии ӯ аз вазифаи назоратчии давлатии ноҳиявӣ оғоз гардида, дар ноҳияи Қизилмазор адои вазифа намудааст.

Ин марди накӯкор 36-соли умри пурбаракати худро дар мақомоти милитсия сипарӣ намуда, дар ин давра ба шогирдони зиёди хеш нозукиҳои ин касби пуршарафро омӯзонидааст.

Пас аз хизмати пурсамар Бойматов Ҳамроҳ 21-уми апрели соли 1982 тибқи фамони ШКД-и вилояти Кӯлоб ба нафақа баромада, бо як қатор ордену медалҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва меҳнат сарфароз гардидааст. Ин марди накӯном дар синни 95 солагӣ аз дунё дар гузаштааст. Вале номи ӯ, кору пайкори ӯ дар дили насли имрӯзу фардо абадӣ нақш хоҳад баст!

Юсупов Саидмавлон, таҷрибаомӯзи факултети журналистикаи ДМТ.


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика