Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Корнамоии абармардони ҷабҳаи ҷангу набард

Қаюмов Абдувалӣ санаи 30 июни соли 1924 дар қишлоқи Қизил Пилоли ноҳияи Исфараи вилояти Суғд (собиқ вилояти Ленинобод) дар оилаи деҳқони камбизоат таваллуд шудааст.

Соли 1932 ба мактаби ибтидоии деҳоти Қизил Пилол дохил шуда, соли 1936 синфи 4-умро хатм мекунад ва аз худи ҳамон сол  то соли 1942 дар колхози ба номи Берияи ноҳияи Исфара ба ҳайси колхозчӣ фаъолият менамояд.

Моҳи январи соли 1942 ба сафи Қувваҳои Муссалаҳи Армияи Шуравӣ даъват шуда дар шаҳри Калиниски ба хизмат шурӯъ менамояд. Дар полки 42-юми алоқае, ки воқеъ дар шаҳри Севастопол буд, ҳамчун телеграфист то моҳи апрели соли 1947 хизматро давом медиҳад.

Дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз соли 1942 то соли 1947 ғаюрона ҷангида дар озод намудани Россия, шаҳру деҳоти Прибалтика ва Чехословакия фаъолона иштирок менамояд. Ӯ дар давоми хизмат якчанд маротиба ярадор шуда бошад ҳам, баъди табобат гирифтан дар госпитали ҳарбӣ боз ба ҷабҳаи ҷангу набард баргаштааст.

Барои иштирок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ордену медалҳои зерин сарфароз гардонида шудааст:

-медали «60-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС»,

 -медали «25-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»,

-медали «30-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»,

 -медали «40-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»,

-медали «50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»,

-медали «60-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»,

-медали «65-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»,

-медали «Жуков».

Дар вақти хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ бо чунин медалу нишонаи сарисинагӣ қадрдонӣ карда шудааст:

-медали «Милитсияи беҳтарин»,

-медали «50-солагии милитсияи Шӯравӣ»,

 -медали «Хизмати шоён дараҷаи-3»,        

 -медали «Хизмати шоён дараҷаи- 2»,

 -медали «Хизмати шоён дараҷаи- 1»,

 -медали «Қаҳрамони меҳнат»,

 -медали «Барои меҳнати шоён бахшида ба 100-солагии В.И.Ленин».

Ин ҷанговари матинирода баъди баргаштан аз ҷанг соли 1947 ба зодгоҳи худ омада, дар колхоз ҳамчун колхозчӣ ба кор шурӯъ менамояд.

Чӣ тавре, ки дар сӯҳбат ин пири рӯзгордида ба мо қисса кард, аз моҳи июни соли 1951 ба мақомоти корҳои дохилӣ ба  фаъолият оғоз намуда, зиёда аз 31-соли пурсамари худро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан сарф намудааст.

Мавсуф фаъолияти хизматии худро аз вазифаи милитсионери ШКД-и шаҳри  Исфара оғоз намуда, то санаи 1 апрели соли 1982 дар вазифаи командири Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ШКД-и шаҳри Исфара хизмат намуда, аз ҳамон ҷо ба нафақа мебарояд.

Дар вақти хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ аз ҷониби роҳбарияти ВКД Иттиҳоди Шӯравӣ, ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, РВКД дар вилояти Суғд ва ШВКД дар шаҳри Исфара зиёда аз 15 маротиба қадрдонӣ карда шудааст.

Моҳи декабри соли 1966 ба шаҳрванд Абдулаҳатова Сокина ақди никоҳ мебандад. Ҳоло Қаюмов Абдувалӣ соҳиби 3 фарзанд ва 15 набера мебошад.

Баъди ба нафақа баромадан собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаюмов Абдувалӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилии шаҳру вилоят ҳамкории доимӣ дошта, ҳамчун собиқадори пуртаҷриба дар тарбияи насли имрӯзаи милитсияи тоҷик ва роҳнамоӣ намудани онҳо фаъолона ширкат меварзад.  

Бешак рӯзгор ва кору пайкори ин марди наҷиб ифтихори насли навин ва ояндасози ҷомеа мебошад!

Юсупов Саидмавлон, таҷрибаомӯзи факултети журналистикаи ДМТ.


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun3

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика