Сараввал сардори РВКД дар вилояти Суғд, генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон суханронӣ намуда, миннатдорӣ ва номаи сипоси Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамроро қироат намуда, зикр кард, ки нафароне, ки имрӯз бо сари баланд ба нафақа рафта истодаанд, дар мақомоти корҳои дохилии кишвар хизматҳои шоёнро ба анҷом расонида як қатор кадрҳои ҷавонро ба тарбия расонидаанд ва имрӯзҳо шогирдони онҳо дар ҳамаи воҳидҳои ВКД кору фаъолият намуда истодаанд.
Шариф Назарзода дар суханрониаш кору фаъолият ва зиндагии нафарони ба нафақарасидаро оини ибрат барои дигарон маънидод намуда ҳамаи чор нафар собиқадорро бо телевизорҳои плазмавӣ қадрдонӣ намуд.
Сипас, подполковники милитсия Азизов Аваз - муовини сардори Шӯъбаи кофтукови ҷиноии Раёсат, ки яке аз шогирдони полковники милитсия М.Муртазоев ба ҳисоб меравад, ба сухан баромада зикр намуд, ки дар тӯли солҳои фаъолият бисёр хислатҳои ҳамида, поквиҷдонӣ, садоқатмандӣ, серталабӣ ва саъю кӯшишро аз полковники милитсия М.Муртазоев омӯхтам ва фаъолияти ин гуна инсонҳо ибратомӯзи насли ҷавони милитсия мебошад.
Муҳсинҷон Юсупов, корманди РВКД дар вилояти Суғд
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>