Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абдуллоев Ибодулло - ҷонфидои Ватан

Абдуллоев Ибодулло соли 1931 ба мактаби ҳафтсолаи рақами №5 ба номи А.Рӯдакии шаҳри Истаравшан ба хондан шурӯъ намуда, синфи 5-умро соли 1938 бо муваффақият хатм менамояд.

Аз соли 1938 фаъолияти меҳнатии худро дар дукони (артели) «Красный Труд» ҳамчун мӯзадӯз оғоз мекунад.

Моҳи майи соли 1939 барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ даъват шуда, аз соли 1941 дар полки 99-уми  тирандозии машқҳои ҳарбӣ гузашта, аз моҳи апрели соли 1942 ба шаҳри Алма-Ато дар қисми 11-уми сарҳадии Байрақи сурхдори Полк хизмат намуда, аз моҳи сентябри соли 1942 дар отряди 30-юми сарҳадии Байрақи сурхдор дар вилояти Семипалатинск хизмат намудааст.

Аз моҳи октябри соли 1944 дар шаҳри Мостка дар қӯшунҳои махсуси Кумитаи амнияти давлатии полки 177-ум хизмат намуда, аз моҳи декабри соли 1944 дар ҳамон полк дар қисми разведка хизматро давом додааст.

Абдуллоев Ибодулло дар озодкунии шаҳрҳои Гомел, Батумӣ, Красный Бор, Шаталов, Смоленск, Минск, Баранович ва шаҳрҳои Полша, Крако, Новый-Тар, Новый-Санг, Прокраская иштирок намуда, роҳи байни Москва-Смоленскро  пиёда тай намудааст.

Дар полки 111-уми сарҳадии Кумитаи амнияти давлатӣ  хизмат намуда, дар озодкунии давлати Чехословакия ва шаҳрҳои Братислава, Прага ва дигар шаҳрҳои Аврупо иштирок кардааст.

Баъди ба анҷом расидани Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои тоза намудани сарҳади Чехословакия ва гурӯҳҳои «Полшагӣ-немисии милатгаро» («Полско-неметский натсионалисты») то соли 1946 хизмат кардааст.             

Аз моҳи сентябри соли 1946 барои озод намудани вилояти Лвови Украина аз гурӯҳҳои ғоратгар ва душмани халқ Бандера иштирок намуда, дар охирҳои соли 1946 дар Полки сарҳадӣ дар шаҳри Родеха, Роворус, Немиров дар шӯъбаи шашум то охири ҷанг хизмат намудааст.

Аз моҳи апрели соли 1946 то моҳи феврали соли 1949 ҳамчун кавалерист-разведкачии 88-уми отряди сарҳадии ВКД дар шаҳри Рава-Русскаяи вилояти Лвови  Вазорати корҳои дохилии Украина хизмат намуда, дар амалиёти  ҷангӣ бар зидди душманони халқи Шӯравӣ, ғоратгарони дастаи Бандера хизмат намудааст.

Дар вақти иштирок намудан дар амалиётҳои махсус оид ба ҳимояи иншоотҳои муҳими давлатӣ, таъмин намудани амният ва ҳимояи роҳбарони Ҳукумат ва инчунин дар вақти иштирок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 7 маротиба захмдор шудааст.

Бори якум моҳи ноябри соли 1942 дар вақти хизматбарӣ дар назди сарҳади Син-Зяни давлати Хитой дар вақти амалиёти  дастгир намудани шахсоне, ки сарҳадро ғайриқонунӣ убур карданӣ буданд, аз дасташ захмдор мешавад.

Бори дуюм дар вақти аз фашистони немис озод намудани шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чехословакия аз сараш захмдор мешавад.

Бори сеюм моҳи декабри соли 1944 дар вақти таъмин намудани амният ва посбонӣ кардани Комиссияи махсуси давлатӣ, ки ба маҷлиси давлатӣ тариқи фурӯдгоҳи шаҳри Шаталови вилояти Смоленск равона буданд, ки дар он ҷо аз ҷониби гурӯҳи махсуси диверсантони немис таркиш ба амал меояд, аз дасташ захмдор мешавад.

Бори чорум соли 1945 дар бешазори Батунскии шаҳри Радехаи Лвови Украина дар вақти иштирок намудан дар амалиёти дастгир намудани дастаи махсуси душмани халқи шӯравӣ, ғоратгарони дастаи Бандера аз миёнаш захмдор мешавад. Бори панҷум соли 1948 дар шаҳри Великий Мостовойи вилояти Лвови Украина ва бори ҳафтум моҳи марти соли 1949 дар назди бешазори ноҳияи  Номеровскии вилояти Лвови Украина зимни амалиёти дастгир намудани душманони халқи Шӯравӣ захмдор мешавад.

Баъди баргаштан аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҳсили худро дар мактаби шабонаи ба номи Максим Горкийи шаҳри Истаравшан давом дода, соли 1965 синфи 11-умро хатм менамояд.

Абдуллоев Ибодулло баъди аз ҷанг баргаштанаш соли 1949 либоси махсуси низомии аскарияшро ба либоси низомии корманди мақомоти  корҳои дохилӣ иваз намуда, зиёда аз 31 сол дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат намудааст.

Мавсуф фаъолияти хизматии худро аз милитсионери қаторӣ, аз вазифаи нозир оид ба реҷаи маҳбасхонаи №5-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан, оғоз намуда маҳз бо шарофати кордониву поквиҷдонӣ, ҳисси баланди масъулият ва маҳорати касбии худ то вазифаи нозири калон оид ба реҷаи маҳкамаи махсуси №5-и Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд дар шаҳри Истаравшан фаъолият намуда, сазовори рутбаи махсуси «Старшинаи милитсия» гардидааст.

Аз моҳи феврали соли 1949 то моҳи декабри соли 1973 дар вазифаҳои гуногуни мақомоти корҳои дохилии муассисаҳои ислоҳотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат намудааст.

Хизматҳои шоёни 32-солаи ин марди наҷибро дар назди халқу Ватан ба инобат гирифта, зиёда аз 40 маротиба аз ҷониби роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ, роҳбарияти Вазорати  корҳои дохилии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ва Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Истаравшан қадрдонӣ карда шудааст.

Барои иштирок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо ордену медалҳои зерин: «Ситораи сурх», «Барои ғалаба бар фашизм дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «40, 50, 60 ва 65-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании  солҳои 1941-1945», «Барои хизматҳои ҷангӣ», медалҳои «Жуков», «20 ва 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС» ва зимни хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ бо ордену медал ва нишонҳои сарисинаги «Барои хизмати шоён дараҷаи-3, 2 ва 1», «Қаҳрамони Меҳнат», «60 ва 70-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС»  сарфароз гардидааст.

Баъди ба нафақа баромадан собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоев Ибодулло бо кормандони мақомоти корҳои дохилии шаҳру вилоят ҳамкории доимӣ дошта, ҳамчун ветерани ҷангу меҳнат дар тарбияи насли имрӯзаи милитсияи тоҷик, дар ташкил ва амалинамоии корҳои фардӣ-тарбиявӣ ва роҳнамоӣ фаъолона ширкат меварзад, ки боиси ифтихор аст.

Имрӯз дастпарварони ин марди шариф дар вазифаҳои гуногуни мақомоти корҳои дохилии шаҳри Истаравшан ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд софдилона иҷрои вазифа намуда, аз устоди худ сипосгузоранд.

Абдуллоев Ибодулло дар чорабиниҳои ШВКД шаҳри Истаравшан ва вилояти Суғд фаъолона иштирок намуда, дар назди ҳайати шахсӣ оид ба таърихи милитсияи тоҷик, қаҳрамонии кормандон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дар бораи воқеаҳои ҷангӣ ва хизмати ҳарбӣ, инчунин баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ, садоқат ба Савганд ва Ватан сӯҳбату баромадҳо менамояд.

Абдуллоев Ибодулло соҳиби 6 фарзанд, 20 набера ва 20 абера мебошад. Ҳоло ин марди накӯкор дар ҳалқаи пайвандон бо дили гарм ва саршор аз меҳру муҳаббат ба Ватан давлати пирӣ меронад.

Юсупов Саидмавлон, Раҳмонов Ғолибҷон, таҷрибаомӯзони факултети журналистикаи ДМТ.


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun3

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика