Абармардони тоҷик дар ҷанг корнамоиҳои беназир нишон дода, тавонистанд марзу буми кишварро аз душман эмин нигоҳ доранд.
Яке аз чунин родмардони Ватан Набиев Сияр мебошад, ки баҳри озодии Ватан ҷонбозиҳо карда, бар зидди душмани ғаддор ҷангидааст. Аҳсан ба он модаре, ки чунин фарзандро зодаву дар рӯҳияи ватандӯстиву худогоҳии миллӣ тарбият намудааст.
Набиев Сияр санаи 30-юми июни соли 1926 дар деҳаи Ғашони шаҳри Роғун (Оби-Гарм) дар оилаи деҳқон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Ӯ мактаби миёнаро дар зодгоҳаш хатм намуда, баъд аз хатми мактаби миёна касби падарро пеша карда, ба корҳои деҳқонӣ машғул мешавад. Набиев Сияр соли 1944 барои хизмат ба сафи Артиши Шӯравӣ даъват шуда, ба синну соли ҷавонӣ нигоҳ накарда, дар полки 549-уми Тирандозии Артиши Шӯравӣ ҷабҳаи якуми Украина хизматро шурӯъ намуда, мардонавор бар зидди душман ҷангидааст. Дар рафти ҷанг далериву шуҷоат нишон дода, дар озод намудани Украина, Полша ва дигар давлатҳои Аврупо ширкат варзида, то ба Олмон расидааст.
Моҳи июни соли 1945 Набиев Сиярро ба қисми ҳарбии № 468–и Полша барои давом додани хизмат мегузаронанд. Соли 1947 баъди ду соли хизмат корнамоиҳояшро дида, ӯро аз Полша ба Венгрия мефиристанд. Соли 1950 Набиев Сияр хизматро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС бо сари баланд ба итмом расонида, ба Ватан бармегардад.
Моҳи августи соли 1950 бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами №14 ба вазифаи милитсионери қаторӣ таъин шуда, дар иншоотҳои давлатии Хадамоти «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ хизмат кардааст. Ӯ дар ин сохтори бонуфуз то соли 1975 фаъолият намуда, 5-уми марти ҳамон сол ба нафақа баромадааст. Собиқаи хизматиаш 30 сол мебошад. Дар давоми кору фаъолият бо 20 медалу орденҳои ҷангу меҳнат ба монанди «Ғалабаи солҳои 1941-1945», «Хизмати шоён», «Қаҳрамони меҳнат», «Жуков ва 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС», «20-солагии Ғалаба», «25-солагии Ғалаба», «30-солагии Ғалаба», «40-солагии Ғалаба», «50-солагии Ғалаба», «60-солагии Ғалаба» ва «65-солагии Ғалаба» қадрдонӣ гардидааст.
Чунин мардони далеру шуҷоъ ва бошарафро Ватан ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард. Корнамоӣ ва хизматҳои шоёни ин марди наҷиб ибратбахши насли ҷавон буда, дар саҳифаҳои таърих бо хати зарҳалин нақш хоҳанд баст.
Юсупов Саидмавлон, таҷрибаомӯзи факултети журналистикаи ДМТ.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>