Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саодати умри табиби асил


Мавриди зикр аст, ки Исмоилов Намоз Ғоибович аз соли 1989 дар мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳайси табиб корро шурӯъ намуда, то ба имрӯз ҳамчун мутахассиси варзидаи соҳаи тиб ба халқу Ватан содиқонаю софдилона хизмат карда истодааст.

Ӯ дар фаъолияти хизматии хеш тавонистааст шумораи зиёди шогирдонро тарбия намуда, онҳоро пайравони аслии фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, нобиғаи нотакрори соҳаи тиб - Ҳаким Абуалӣ Ибни Сино гардонад.

Аз хизмати пурмаҳсули ӯ ҳамкасбон ва ҳамкорон ёдовар шуда, иброз доштанд, ки Исмоилов Намоз Ғоибович шахсест, накӯном, накӯкор, хоксору хушмуомила ва дар кору фаъолият фидокору масъулиятшинос.  

Ин рӯзи муборак ва хуҷастаро ҳайати шахсии Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ низ ба полковники хизмати дохилӣ Исмоилов Намоз Ғоибович шодбош мегӯянд.

Он чӣ мақсуди одамизод аст,

Номи нек асту он дигар бод аст!

Маҳбуба Гулова, майори милитсия.


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun3

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика