Сардори Раёсати ВКД дар нақлиёт генерал-лейтенанти милитсия Шералӣ Сабзов ва сардори Воҳиди махсуси ВКД полковники милитсия Бароталӣ Ҳамидзода низ доир ба фаъолияти пурмаҳсул ва хизматҳои шоёни Саид Ҷурахонзода дар самтҳои гуногуни мақомоти корҳои дохилӣ ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки ҳисси масъулиятшиносӣ ва лаёқату кордонии мавсуф ибратбахши насли ҷавони милитсия мебошад.
Дар маросими тантанавӣ Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба генерал-майори милитсия Саид Ҷурахонзода «Сипосномаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва тӯҳфаи хотиравӣ – як адад телевизор тақдим намуд.
Дар навбати худ Ҷурахонзода Саид Қаюм изҳор намуд, ки ҳамеша омодааст, барои халқу Ватан хизмат намояд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>