Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии фарҳангии «Ҳамешабаҳор»

Чорабиниро муовини аввали сардори Академияи ВКД полковники милитсия Абдусаттор Шоев ҳусни оғоз бахшида, афзуд, ки дар Паёми имсолаи хеш Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қайд гардидааст, ки ҷомеаи солим аз оила ва насли солим ташаккул меёбад. Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки диққати доимии мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад.

Дар  навбати худ шоири шинохта Хайрандеш низ дар мавзӯи танзими муносибатҳои оилавӣ ва баланд бардоштани маърифати оиладорӣ фикру мулоҳизаронӣ намуда, вобаста ба ин мавзӯъ аз ашъори худ шеърҳо қироат кард.

Бояд қайд намуд, ки шоир Хайрандеш умри пурбаракати худро сарфи тарғибу ташвиқи сухани баланду ноби тоҷикӣ карда, бо эҷоди дилангез ва тоҷиконаи худ дар байни мардум маҳбубияти хоса пайдо намудааст. Ашъори ӯ паҳлӯҳои гуногуни зиндагонии мардуми тоҷикро дарбар гирифта, инъикосгари пешрафт ва мушкилоти ҳаррӯзаи он мебошад.

Дар идомаи чорабинӣ овозхони шинохтаи тоҷик Қурбоналӣ Раҳмонов баромад намуда, иброз дошт, ки баргузории чунин маҳфилҳои эҷодӣ сатҳи маданӣ ва фарҳангии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилиро боз ҳам баланд бардошта, фарҳангпарвар будани халқи тоҷикро нишон медиҳад. Сипас мувофиқи талаби иштирокчиёни чорабинӣ устод Қурбоналӣ Раҳмонов якчанд суруди дилнавози худро пешкаши ҳозирин намуд.   

Чорабинии фарҳангӣ хеле дилчаспу гуворо ва хотирмон баргузор гардид.

Солиҳов Х.М.


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun3

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика