Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар ҳузури аъзоёни Мушовара ва сардорони Раёсатҳо, сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Раҳимзода Абдураҳим Абураҳмонро бахшида ба мавлудаш табрику таҳният намуда, ба мавсуф сарфарозию сарбаландӣ ва дар ҷодаи хизмат пешравию комёбиҳо таманно кард.
Вазири корҳои дохилӣ қайд кард, ки Абдураҳим Раҳимзода бо кордонию масъулияти баланд ва малакаю маҳорати касбӣ дар тамоми самтҳои хизматӣ аз ӯҳдаи вазифаҳои ба дӯшаш гузошташуда мебарояд ва ҳамчун корманди пуртаҷриба яке аз кадрҳои болаёқати мақомоти корҳои дохилӣ маҳсуб меёбад.
Роҳбарият ва ҳайати шахсии Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Абдураҳим Раҳимзодаро бо ин рӯзи саид таҳният гуфта, фатҳи қуллаҳои баландтарини муродро таманно менамоянд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>