Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гурдофаридҳои Вазорати корҳои дохилӣ

Ҳангоми ба забон овардани номи Зан - Модар шахси латифу нозук, зебову пуртамкин пеши назар меояд. Дар баробари ин вақте сухан дар бораи ВКД меравад пеши назар баробари мардон симои занони шуҷоъи Ватан низ ҷилвагар мешаванд. Зеро имрӯз фаъолияти Вазорати корҳои дохилиро бе занон тасаввур кардан имконнопазир аст. Айни замон, занони мақомоти корҳои дохилӣ дар вазифаҳои гуногун: корманди оперативӣ, муфаттиш, таҳқиқотчӣ, нозир ва ғайра кору фаъолият бурда истодаанд. Баробари дидани онҳо пеши назар инсони бомаърифат, хушмуомила, ҳомии тартибот, шахси тавонову барно, дорои иродаи матин ва нотарсу ғаюр падидор мегардад.

Таърих гувоҳ аст, ки занони тоҷик ба мисли Малика, Томирису Гурдофарид дар қаҳрамонӣ аз мардон камӣ надоштанд. Қаҳрамонони мақолаи ман ҳам аз Гурдофаридҳои асри ХХ1 мебошанд, ки ба латофату назокаташон нигоҳ накарда, бештари вақти худро барои таҷассум намудани корнамоиҳои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ сарф мекунанд.

Бахшида ба «Рӯзи Модар» хостам дар бораи занони шӯъбачаи сомонаи интернетии Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ андешаҳоямро баён намоям. Сардори шӯъбача Гулова Маҳбубахон Талбиевна, майори милитсия буда, Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог-журналист ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

Гуфтан бамаврид аст, ки мавсуф аз ӯҳдаи вазифаи сардори шӯъбачаи сомона ба хубӣ баромада, дар рафтору фаъолияти хизматӣ намунаи ибрати ҳамкасбон мебошад. Таҷрибаи дар хизмат андӯхтаи ӯ дар вазифаҳои ёрдамчии сардори Ситоди оперативии Қисми навбатдории Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД, журналист-хабарнигори Маркази матбуот, ҳуқуқшинос-мушовири калони Хадамоти муҳоҷират, сарнозири Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилӣ ба ӯ имкон фароҳам овардааст, ки фаъолияти сомонаро дар асоси талаботҳои Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба роҳ монад.

Имрӯзҳо барои амалисозии Барномаи рушди ислоҳоти милитсия, оид ба дастовардҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар самти ислоҳоти милитсия, ҳамкорӣ бо ҷомеа, фаъолияти «Телефони боварӣ»-и Вазири корҳои дохилӣ ва дигар самтҳои мухталиф мунтазам маводҳо омода сохта дар сомонаи интернетии «www.vkd.tj» баҳри муштариён ва истифодабарандагони шабакаҳои интернетӣ дарҷ месозад.

Сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ имрӯз имкон дорад, ки шаффофияти фаъолияти мақомоти милитсияро бевосита ба аҳолӣ таъмин намояд. Шумораи истифодабарандагони сомона беш аз 1,5 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки ин ҳам ба осонӣ муяссар нашудааст. Саҳифаҳои гуногуни сомона бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дарҷ гардида, ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки ҳамарӯза хабарҳоро оиди содиршавии ҷиноятҳои махсусан хавфнок, тағйиротҳои кадрӣ дар ВКД, чорабиниҳои фарҳангӣ, маданӣ, варзишӣ ва  ғайра пайдо намуда, мутолиа намоянд.

Албатта ҳамаи ин маводҳоро кормандони сомона ва Маркази матбуоти Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ, Наргис Сангинова, Рухшона Шукурова ва Нилуфари Сарбоз, ки таҷрибаи бойи корӣ пайдо намудаанд, нозукиҳои касби худро медонанд ва нисбат ба хонандагон эҳтироми беандоза доранд, омода ва пешниҳод менамоянд.

Феълан Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи амалисозии Барномаи рушди ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020 қарор дорад,  хонандагон метавонанд аз рафти ислоҳоти милитсия  маълумотҳои заруриро пайдо намоянд.

Ҳамчунин шаҳрвандон арзу муроҷиат, таклифу пешниҳод ва саволҳои худро ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ метавонанд тариқи бахши «Саволу ҷавоб», телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ (221-21-21) ва суроғаи электронии ВКД ( Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ) ирсол намоянд, ки сари вақт аз ҷониби сомонаи ВКД дастрас гардида, мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

 Дар арафаи фаро расидани фасли зебои баҳор ва «Рӯзи Модар» ин бонувони зебои Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ ва дар симои онҳо тамоми бонувони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сидқан табрик намуда, таманнои онро дорам ки дар хонадони ҳар яки онҳо нуру сафо, ваҳдату оромӣ, хушбахтиву иқболи нек ва файзу баракат пойдор бошад.

Идатон муборак бонувони гиромиқадр!

Ғуломов Қ.Ҷ., мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ, полковники милитсия.


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun3

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика