Модар, модар каси боҳиммат бошад,
Дидори шарифи ӯ ғанимат бошад.
Махзани панди ӯ бигир арзонӣ,
Фардо чи кунӣ, ки ганҷи қимат бошад.
Модар-Ватан! Ин ду калима, ки ҳамагӣ аз панҷ ҳарф таркиб ёфтаанд, дар мазмуну мундариҷа он қадар маънӣ, шукӯҳу шаҳомат доранд, ки дар тасвирашон садҳо достону романҳо офарида шудаанду ғазалу таронаҳо сароида мешаванд.
Ин ду мафҳум барои ҳар як инсон ончунон азизу муқаддасанд, ки барои ҳифзи ҷону нангу номусаш фарзандони арзанда ҷони худро дареғ намедоранд. Тифл баробари ба олами ҳастӣ омадану чашм кушодан аз бӯи онҳо машом муаттар карда, бо ҷону дил дӯсташон медорад. Дар оғӯши Модар-Ватан хору зор нашуда, зиста ба воя мерасад.
Дилам хоҳад равам бар кӯи модар,
Вуҷудам пур шавад аз бӯи модар.
Тамоми рӯи дунёро бигаштам.
Надидам рӯи хуш ҷуз рӯи модар.
Ба андешаи ман зани тоҷик, ки намунаи олитарини зан-модар аст, дар доираи модарсолорӣ аз аввал то имрӯз боқӣ мондааст. Рисолати аслии зани тоҷик сабурии ӯст.
Зан - модари тоҷик заҳматкашу меҳнатқарин буду ҳаст ва мемонад. Бузургии зан - модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбияткунанда ва бакамолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад(с) дар яке аз ҳадисҳои худ мефармояд: «Чаҳор чиз саодати шахс аст: ҳамсари шоиста, фарзандони хайрхоҳ, рафиқони хуб ва рӯзӣ дар Ватан».
Бо ин маънӣ занону модарон ҳамеша дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату хайрхоҳ ва дорои ахлоқи ҳамида кӯшиш намуда, онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода месозанд, зеро фарзанди аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ тавоно ба қадру манзалати падару модар ва Ватан мерасад ва барои давлату миллати худ хизмат мекунад.
Ин масъулияти бузург модаронро водор месозад, ки дар баробари нигоҳубину парсаторӣ ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзандони худ онҳоро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳуввияту ифтихори миллӣ ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳомии марзу бум тарбия намоянд. Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии зан-модар вобаста аст.
Аҳсан ба он заноне, ки имрӯз дар радифи мардон дар мақомоти корҳои дохилӣ кору фаъолият доранд ва саҳми босазои хешро дар таъмини сулҳу субот, оромӣ ва танзими тартиботи ҷамъиятӣ мегузоранд.
Имрӯзҳо заноне ҳастанд, ки мардонавор дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намуда истодаанд.
Ман ҳамаи модарони Тоҷикистон, инчунин занон- модароне, ки айни замон дар мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият доранд ба муностбати идашон табрик мегӯям ва аз даргоҳи Яздони пок барояшон тансиҳатӣ, бурдборӣ ва дар ҳифзи марзу буми кишвари азизамон матонату ҷасоратро таманно дорам ва аз забони шоир барояшон гуфтаниям:
Чу Саъди пир гардед кам набинед,
Чу Ҳофиз шод бошеду ғам набинед.
Чу Сино дар дилу дар дида бошед.
Чу Ҷомӣ оқилу фархунда бошед.
Бори дигар идатон муборак модарони азиз!
Юсупов Саидмавлон, таҷрибаомӯзи факултети журналистикаи ДМТ.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>