Эй Ватан бо ёди ту ояд маро шеъре ба лаб,
Ҳаст муқаддас аз бароям як кафи хоки Ватан.
Ғамзаи дил дар замири хотирам болидааст,
Аз сафои шуълаи рахшони дилҷӯи Ватан.
Ҳар замоне дур бошам аз канорат лаҳзае,
Во дареғо ҳасрати ман дар сари кӯи Ватан.
Менамояд васфи ту бо савти дил бо шеъри нав,
Нурмуҳаммад боз боло карда обрӯи Ватан.
Мирзоев Нурмуҳаммад Собирович, донишҷӯи соли 2-юми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, шӯъбаи “Муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ”
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>