Дар ин ҷанги хонумонсӯз ва мубориза бар зидди фашизм кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо гузоштаанд. Аз ин сохтори воломақом 16 тан афсарони хурду олирутба ба сафи Артиш фиристода шуданд. Онҳо дар қир намудани душман ҷонбозиҳо карда, ба Ватан бо сари баланд баргашта, боз фаъолиятро дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ идома доданд.
Айни замон 11 нафарашон дар қайди ҳаётанд, инҳо: Макеев Евгений 9-январи соли 1925, Гришин Фёдр Матвеевич 21 сентябри соли 1921, Гардин Фёдр 24 декабри соли 1921, Сафаров Мадулло 5 майи соли 1926, Набиев Сияр 10 майи соли 1926, Қадимов Давлатшо 3 марти соли 1926, Шамсов Тоҷиддин соли 1926, Голиков Николай Петрович 27 декабри соли 1920 дар шаҳри Душанбе, Гадоев Маҳмуд соли 1922 дар ноҳияи Ёвон, Қаюмов Абдувалӣ соли 1924 дар ш.Исфара, Қурбонов Ҷамил соли 1926 дар шаҳри Кӯлоб, Тошев Мухтор соли 1929 дар ноҳияи Шаҳритус, Абдуллоев Ибодулло соли 1923 дар шаҳри Истаравшан, Назаров Акрам соли 1925 ва Ҷураев Ёқуб соли 1923 дар ноҳияи Панҷ таваллуд шудаанд.
Мо таҷрибаомӯзони факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ду нафар собиқадори Вазорати корҳои дохилӣ, ҳамчунин иштирокчии фаъоли Ҷанги Бузурги Ватанӣ - Гришин Фёдор Матвеевич ва Голиков Николай Петрович сӯҳбате оростем, ки фишурдаи онро манзуратон мегардонем.
Гришин Фёдор Матвеевич 9-уми майи соли 1921 дар шаҳри Коломнеи Федератсияи Россия чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 1929 оилаашон ба Ӯзбекистон кӯч бастанд. Падараш он ҷо дар сохтмони роҳи оҳан кор мекард. Соли 1936 ба шаҳри Сталинобод омаданд. Баъд аз хатми мактаб ҳамчун алоқачӣ дар стансияи Сталинобод кор карда, барои идомаи таҳсил ба техникуми Ашқобод фиристода шудааст. Соли 1941 ба сафи артиш даъват карда шуд.
- Сараввал Шуморо аз номи Вазири корҳои дохилӣ мӯҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва кормандони милитсия ба муносибати Иди Артиши миллӣ муборакбод мегӯем ва бароятон аз даргоҳи Худованд пеш аз ҳама тани сиҳат, хотири ҷамъу умри дарозро таманно дорем. Мехоҳем дар бораи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва чӣ гуна ба фронт рафтани худ каме қисса бикунед.
- Ташаккури зиёд. Ман ҳамчун корманди Вазорати корҳои дохилӣ соли 1941 аз шаҳри Сталинобод ба фронт фиристода шудам. Дар полки 9-ум, ки дар Одессаи Украина ҷойгир аст, хизмат мекардам. Рӯзҳои нахустин дар зери кӯли «Банбердер» меҷангидем. Шаҳри Ростовро бой дода будем. Зин рӯ маҷбур шудем, ки як муддат он ҷоро тарк намуда ба Қафқози Шимолӣ биравем. Бале ҳамин тавр ҳам шуд. Дар Қафқоз ҳуҷуми худро бо ба даст овардани Кубан ба анҷом расонидем. Банда дар он ҷо ба ҳайси алоқачии взвод кору фаъолият мекардам. Баъди чанд муддат шаҳрҳои Будапешт, Вена, Австрия ва Прагаро аз муҳосира озод кардем. Мо размандагони тоҷикистонӣ дар муҳорибаи Коржевскии Украина як гурӯҳ немисҳоро ба асорат гирифта сипас ба Руминия рафта он ҷо низ озодкуниро идома додем. Дар баробари тоҷикон ӯзбекҳо, қирғизҳо, туркманҳо ва дигар халқиятҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ низ меҷангиданд. Чингиз Айтматов нафаре буд, ки то нафаси охирин меҷангид.
- Магар бо ин қадар даҳшат будани оташи ҷанг ҳарос надоштед?
- Аслан тарс дар рӯзҳои нахустини ҷанг буд. Ба хотири наҷоти Ватан, миллат ва падару модар аз баҳри ҷон мегузарӣ. Бо мурури замон одат кардем, гӯё ки ҳамеша чунин бошад. Вақте ки ҷанг хотима ёфт ман ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор даромадам. Айни замон нафақахӯр ҳастам. Нафақаам барои таъмини рӯзгор басанда аст.
-Кадом ҳодисаи мудҳиш дар ёдатон сахт нақш бастааст?
-Ҳеҷ аз ёдам намеравад, ки дар рӯзҳои нахустини набард дар натиҷаи таркиши бомбаи душман дасти ростам ҷароҳати вазнин бардошт, ки тӯли як моҳ азиятам дод. Ҳамяроқонамро дар ҷанги шаҳри Ростово куштанд.
- Ба кормандони ВКД дар роҳи ҳифзи Ватан чӣ тавсияҳо медиҳед?
-Дар баробари артиш Вазорати корҳои дохилӣ низ бояд дар роҳи ҳифзи Ватан саъю кӯшиш кунад. Ба мисли солҳои пешин чорабиниҳо амсоли «Доссаф» ташкил намудан зарур аст ва албатта ҳисси ватандӯстиро дар қалби ҷавонон эҳё кардан лозим.
-То ҷое, ки огаҳӣ дорем Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ҳамеша ба аёдати Шумо меоянд ва кӯмакашонро дареғ намедоранд…
- Оре! Маро ҳар сол пеш аз ҷашнҳо Вазир бо чанде аз кормандон хабар мегиранд. Вазири гиромиқадр бисёр шахси фӯрутан, меҳрубону донишман аст. Муносибати самимӣ дорад. Хушгуфтору нармдил аст. Аз даргоҳи Худованд барояш тансиҳатӣ ва дар ҷодаи роҳбарӣ адолатро таманно дорам.
Гришин Фёдор Матвеевич бо ордену медалҳои ҶБВ дараҷаи 2, «Ситораи сурх», ордени «Шараф» дараҷаи 3, «Барои шуҷоат», «Барои озод намудани Прага, Халкин-гол, Қафқози Шимолӣ», «Ғалаба бар фашизм», «Ғалаба барои Япония», Ифтихорномаи «Милитсионери беҳтарин» сарфароз гардидааст.
Сӯҳбат бо иштирокчии дигари ҶБВ
Голиков Николай Петрович 27-уми декабри соли 1920 дар райони Асиновскии вилояти Томск ба дунё омадааст. Соли 1938 мактаби миёнаро хатм намуда, ба коллеҷи тиббии Томск дохил шудааст. Ҳанӯз коллеҷро ба итмом нарасонида бо хоҳиши худ соли 1940 ба сафи Артиши Шӯравӣ дохил шуда, ба шаҳри Ковали Шарқи дур фиристода шуд.
- Дар кадом қисмати ИҶШС бештар ҷангидаед ва ҳамчун корманди фаъоли ВКД чӣ қаҳрамонӣ нишон додед?
- Пеш аз он, ки бо Шумо ҳамсӯҳбат шавам мехоҳам сарсухане бигӯям. Аз таҳти дил ба давлат хизмат намуда, молу сарват ҷамъ накардаам. Давлати ман - боигарии ман аст! Дар аснои ҷанг даҳҳо маротиба ба марг рӯ ба рӯ гаштам, аммо бо амри тақдир наҷот ёфтам. Аз ҳама рӯзи дарозтарини сол 22-уми июл аст. Ҳаво софу беғубор буд. Ҷанги мудҳиш сар зад, ки 4-сол идома ёфт.
Ҷанг ин як даҳшат аст ва инсон хуни бародари худро мерезад. Худо аз он рӯзҳо эмин нигоҳ дорад.
Соли 1942 дар шаҳри Любедиум дар полки 28 дивизияи 9-ум адои хизмат намудам. Соли 1943 маро ба Россия фиристоданд. Дар калонаи мо 1000-мошин меомад. Ман дар полки 27-ум хизмат мекардам, ки нохост немисҳо ҳуҷум карда бомбаборон карданд.
- Ба ҳаммаслаконатон, ба хусус онҳое, ки ҳанӯз ҷавон ҳастанд чӣ гуфтаниҳо доред?
-Пеш аз ҳама бояд кори ҳарбиро ба пуррагӣ донист. Ҷавононро лозим аст, ки ҳуввияти миллӣ дошта бошанд. Аз сидқи дил ба Ватан хизмат намоянд ва қадри якдигарро бидонанд. Онҳо бояд бо ахлоқи ҳамидаашон аз дигарон фарқ кунанд. Чунки кормандони милитсия барои дигарон намунаи ибратанд.
- Аз хотироти худ каме нақл мекардед?
Хотираҳо зиёданд, вале хотирмонтарин лаҳза ин буд, ки соли 2006 Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомали Раҳмон бахшида ба Рӯзи милитсия ба ман тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард. Инчунин ҳар сол бахшида ба солгарди Ғалаба аз ҷониби Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин номаи шодбошӣ мегирам. Ва боз вақте, ки дар арафаи Соли нав ва рӯзи таваллудам Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба хонаам ташриф оварда, шахсан аз ҳолу аҳволам хабар гирифт, сарам ба осмон расид.
Голиков Николай Петрович барои нишон додани корнамоиҳо бо медалҳои «Барои ғалаба», «Шуҷоат», ордени ҶБВ дараҷаи-2 ва 20 медали ҷашнӣ, инчунин «Барои хизматҳои аъло» дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе сарфароз гардидааст.
Суҳбаторо: Юсупов Саидмавлон, Раҳмонов Ғолибҷон ва Зардиев Манучеҳр, донишҷӯёни факултаи журналистикаи ДМТ.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>