Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кормандони милитсия дар меҳмонии Филармония

Тавре масъулин иброз намуданд, ин иқдом бо мақсади амалӣ гардонидани сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғанӣ гардонидани маънавиёти ҷомеа роҳандозӣ гардидааст. Ҳамин аст, ки дар баробари кору фаъолият ва хизмати шабонарўзии кормандони милитсия масъалаи истироҳату фароғати онҳо низ аз мадди назари роҳбарият дур намондааст. Аз ин рў, кормандони ВКД бо аҳли оилаашон тавонистанд, ки шоми накўи худро дар фазои дилрабои тарона ва рақсҳои марғуби ҳунармандони мардумӣ боз ҳам гуворо созанд.

Нахуст роҳбарияти Филармонияи давлатии Тоҷикистон меҳмононро ба ин боргоҳи ҳунар ва даргоҳи маънавиёт  хайрамақдам  гуфта, барои ин ташаббуси наҷиб минннатдории худро ба Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро расониданд ва ба тамошобинон истироҳату фароғати хуб таманно намуданд.

Ҳар чӣ ки ман мекунам баҳри Ватан мекунам,

Баҳри Ватан мекунам ҳар чӣ ки ман мекунам…

Бо чунин мисраҳои ватандўстонаву хештаншиносона дар иҷрои ҳунарманди шинохта Орзугул Хуҷамова базми идона шурўъ гардид. Ҳамчунин, суруди «Модар»-и устод Лоиқ Шералӣ дар иҷрои ҳунарманди ҷавон Маҳмудҷон Алиев, «Рози Ватан», ки бо қалами шоири халқии Тоҷикистон - Камол Насрулло тааллуқ дорад, дар иҷрои ҳунарманд Абдумаҷид Бердиев ва «Ватан» - шеъри шоири тоҷик Муҳаммад Ғоиб дар иҷрои Фирдавс Ҳошимов – идомадиҳандаи ҳунари волои устод Одина Ҳошим тараннумгари дўстиву муҳаббат ва саршори меҳри меҳан ва ватандўстӣ буданд. Гулдухтарони хушхироми Ансамбли «Чаман» таҳти роҳбарии Устоди рақс Фаридабону Ҳусейнова бо рақсҳои «Сайри Хатлон», «Идона» ва ғайраҳо бори дигар санъати миллии моро ба ҳозирин пешкаш намуданд ва аз ҷониби тамошобинон хуш пазируфта шуданд.

Дар идомаи чорабинӣ Раҳматуллои Ҳошим ҳозиринро хушомадед гуфта,  барои ташрифашон миннатдорӣ изҳор кард ва аз эҷоди собиқ корманди милитсия, полковники мустаъфӣ Анвари Хусайн таронаи «Ёр ба паймон намерасад»-ро замзама намуд. Сарояндагони дигар: Алишер Қаноатзода, Маҳбуба Бобоҷонова ва Гулпарӣ Орипова бо суруду таронаҳои худ ба базми имшаба шукўҳу шаҳомати дигаре зам намуданд.

Наврўз Ҷобиров


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика