Имрӯз (15.01.с.2015), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода, сардори Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомӣ генерал-майори милитсия Шодмонбеков Фарҳодбекро ба муносибати зодрӯзаш дар ҳузури муовинони Вазир ва сардорони раёсатҳо табрик намуда, ба ӯ барору комёбиҳо таманно кард.
Зикр гардид, ки Шодмонбеков Фарҳодбек бо меҳнати ҳалолу фидокоронааш дар байни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ соҳибэътибор буда, сарсупурдаи касби пуршарафи милитсия мебошад.
Ин марди наҷиб дар самтҳои гуногуни мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият намуда, кору пайкори ӯ ибратбахши насли ҷавон аст.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>