Санаи 2-уми октябр, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Солиева Зумрад Тухтасиновна мавлуди хуҷастаи худро ҷашн гирифт. Мавсуфро ба ин муносибат Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар ҳузури аъзоёни Мушовара ва сардорони раёсатҳо табрику муборакбод намуда, дар фаъолияти хизматӣ барору комёбиҳо таманно намуд.
Мавриди қайд аст, ки ин бонуи зебою бомаърифат соли 1985 баъди хатми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба мақомоти корҳои дохилӣ ба кор омада, умри пурбаракати худро ба кори милитсия бахшидааст. Ӯ дар баробари сардори Раёсат боз модар ва ҳамсари меҳрубон буда, бо хоксорию ҳалимӣ дар байни кормандон соҳиби обрую эътибор гаштааст.
Ба қавли шоир:
Касе, к-ӯ боварии халқро арзанда мегардад,
Ба ҳар кас дустрӯ, ҳар хонаро зебанда мегардад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>