Ҳамчунин барои хизмати шоиста дар мақомоти корҳои дохилӣ муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Бузмаков Абдураҳмон Аламшоевич ва муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом бо унвони «Корманди фахрии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.
Худи ҳамин рӯз, пас аз адои хизмати пуршараф дар мақомоти корҳои дохилӣ сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Раҳимов Маҳмадалӣ Қурбонович ба нафақа баромад.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода барои хизмати шоён ва бенуқсон дар мақомоти корҳои дохилӣ ба сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Раҳимов Маҳмадалӣ Қурбонович изҳори миннатдорӣ намуда қайд кард, ки тӯли фаъолияти пурмаҳсул дар самти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ номбурда саҳми арзандаи худро гузоштааст, ки ин боиси ифтихор мебошад.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба мавсуф Сипосномаи Вазорати корҳои дохилӣ ва тӯҳфаи хотиравӣ -«Соати дастӣ» тақдим намуд.
Дар навбати худ Раҳимов Маҳмадалӣ Қурбонович изҳор намуд, ки ҳамеша омодааст, барои халқу Ватан хизмат намуда, таҷрибаи бою ғании худро ба кормандони ҷавони милитсия омӯзонад.
Маҳбуба Гулова, Рухшона Шукурова.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>