Имрӯз (23.08.с.2014), Мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Бухориев Мансур Ғоибович зодрӯз дорад. Соҳибҷашнро ба ин муносибат Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода дар ҳузури ҳайати шахсии Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, ба ӯ дар фаъолияти хизматӣ барору комёбиҳо ва дар ҷодаи ҳаёт сиҳатии комил, умри дароз ва хушнудию хушрӯзиҳо таманно намуд.
Мавриди зикр аст, ки Бухориев Мансур Ғоибович яке аз кормандони пуртаҷриба ва касбии мақомоти корҳои дохилӣ маҳсуб ёфта, дар самтҳои гуногуни соҳаи милитсия фаъолият намудааст.
Саҳми Бухориев Мансур Ғоибович дар рушду нумӯъ ва такмил додани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва амалияи маъмурӣ назаррас мебошад.
Мавсуф ҳамчун корманди ботаҷриба, дар ошкор ва пешгирии ҷиноятҳо, риояи волоияти қонун, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон нақши арзанда дорад.
Роҳбарият ва ҳайати шахсии Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Бухориев Мансур Ғоибовичро бо ин рӯзи саид таҳният гуфта, фатҳи қуллаҳои баландтарини муродро таманно менамояд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>