Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ дар осоишгоҳи «Садбарг»-и ВКД

Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар осоишгоҳи мазкур бозиҳои шавқовари варзишӣ аз қабили тениси рӯи миз, шашка ва шоҳмот баргузор гардида, истироҳаткунандагони сину соли гуногун кӯшиш карданд, ки дар ин мусобиқаҳо ғолиб баромада, соҳиби мукофотҳо шаванд.  

Дар мусобиқаи тениси рӯи миз байни занҳо корманди Раёсати қушунҳои дохилии ВКД Бандиева Нисо аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, сазовори ҷойи якум гардид. Ҳамчунин, Назарова И., корманди Раёсати мазкур дар ин намуди мусобиқа ҷойи дуюмро касб кард.

Ҷойи сеюмро бошад Сайфуллоева М., корманди Котиботи Вазорати корҳои дохилӣ ба даст овард.

Дар ин намуди варзиш байни мардҳо низ мусобиқа доир гардида, корманди Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» Шарипов Ш. сазовори ҷойи аввал, корманди Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Ғаримадов Р. соҳиби ҷойи дуюм ва корманди Раёсати таҳқиқи ВКД Шонкиев С. ҷойи сеюмро ба даст оварданд.

Дар ин замина ҳамчунин бозиҳои шоҳмот байни занҳо ва мардҳо доир гардид, ки корманди ШВКД дар ноҳияи Сино-2 Ғафурова И. сазовори ҷойи аввал, фарзандони кормандони мақомоти корҳои дохилӣ Камолова С. соҳиби ҷойи дуюм ва Соҳибова Р. соҳиби ҷои сеюм гардиданд.

Дар ин намуди варзиш дар байни мардҳо бошад, бо маҳорати баланди варзишӣ корманди Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ Тоҷиддинов Т. соҳиби ҷойи аввал ва Лангаршоев А., корманди раёсати мазкур сазовори ҷойи дуюм ва фарзанди корманди мақомоти корҳои дохилӣ Ғафуров М. ҷойи сеюмро ба даст оварданд.

Ҳамчунин мусобиқаи варзишӣ аз намуди шашка дар байни занону мардон баргузор гардида, беҳтаринҳо сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Аз ҷумла, корманди Дастаи таъиноти махсуси милитсия Оев Навруз бо нишон додани маҳорати баланди варзишӣ сазовори ҷойи аввал, корманди Ротаи таъиноти махсуси милитсия Кабиров З., соҳиби ҷойи дуюм  ва фарзанди корманди мақомоти корҳои дохилӣ Носиров Ҷаҳонгир Шуҳратович ҷойи сеюмро ба даст оварданд.

Дар ин намуди варзиш дар байни занҳо низ беҳтаринҳо муайян гардиданд. Чунончи, корманди Дастаи таъиноти махсуси милитсия Баҳромова С. ба гирифтани ҷойи аввал мушарраф гардида, ҷойи дуюм бошад, насиби корманди Воҳиди махсуси милитсия Илчинка В. гардид. Ҷойи сеюмро  корманди Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Саидова Ш. ишғол намуд.

Мавриди қайд аст, ки осоишгоҳи «Садбарг»-и Вазорати корҳои дохилӣ бо ҳама шароитҳои истироҳатии замонавӣ ҷавобгӯ буда, истироҳаткунандагон метавонанд аз лойи табобатӣ (озекрит), гиёҳҳои шифобахш, сандалии барқӣ, маҳс, табобаткунӣ ба воситаи таҷҳизотҳои барқӣ васеъ истифода баранд. Дар баробари гирифтани табобати физиотерапӣ обу ҳавои нотакрори дараи Ромит низ худ шифобахш аст.

Барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷойи хоб ва табобат ройгон буда, истироҳаткунандагон бо се вақт хӯроки гарм таъмин карда мешаванд. Ҳавзҳои шиноварӣ ҳам барои кӯдакон ва ҳам барои калонсолон бо оби софи дарёи Кофарниҳон доимо омода аст.

Дар осоишгоҳ майдончаи футбол мутобиқи меъёрҳои стандартӣ мавриди истифода қарор дорад. Кортҳои тенисбозӣ, майдончаи шашкаву шоҳмотбозӣ, мизи саққобозӣ (билярдбозӣ), инчунин толори консертӣ дар осоишгоҳ мавҷуданд.

Ҳамчунин, «Оби зайрон», ки яке аз беҳтарин чашмаҳои табобатӣ дар миқёси ҷумҳурӣ шинохта шудааст, дар масофаи 200-300 метр аз осоишгоҳ қарор дошта, барои табобати миёндард, буғумдард, хастаҳолӣ, муфид буда, фишори хунро паст мекунад.  

Истироҳаткунандагон баъди хӯроки нисфирӯзӣ ба байтбараку шеърхонӣ ва муаммогӯӣ машғул шуда, беҳтаринҳо бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин, бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ консерти идона бо иштироки ҳунармандони ансамбли «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардид, ки хотири ҳозиринро бо рақсу сурудҳои ҷаззоб шод гардониданд.

Дар хотимаи чорабинӣ аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба нафароне, ки дар мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз намуди тениси рӯи миз, шашка ва шоҳмот ғолиб баромада буданд, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва пулию молӣ тақдим карда шуд.

Маҳбуба Гулова, майори милитсия.


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика