Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дарси хизматӣ дар мавзӯи мероси адабии Абдураҳмони Ҷомӣ

Дар оғози дарси хизматӣ аз ҷониби кормандони Раёсати тиббӣ ва Комиссияи Марказии тиббӣ-ҳарбии Вазорати корҳои дохилӣ аз ашъору осори Абдураҳмони Ҷомӣ порчаҳо қироат карда шуда, саҳначаҳо намоиш дода шуданд, ки хеле ҷолиб буданд.

Дар дарси хизматӣ дотсент Солеҳов Мирзо Одинаевич баромад намуда, оиди ҳаёту фаъолият, ашъору осори гаронбаҳо ва мероси адабии ба насли оянда боқимондаи Абдураҳмони Ҷомӣ пурмуҳтаво суханронӣ намуд. Ӯ дар баромадаш қайд кард, ки аз Абдураҳмони Ҷомӣ тақрибан 99 асари безавол, се девон, «Ҳафт авранг» (иборат аз ҳафт маснавӣ), «Баҳористон» ва «Чиҳил ҳадис» то замони мо омада расидааст, ки ҳар кадоми онҳо дорои аҳамияти калони адабиву эстетикӣ мебошанд.

Ӯ адабиёти зиёда аз 500-солаи форс-тоҷикро дар тамоми соҳаҳо бо асарҳои безаволаш ҷамъбаст намудааст. Асари «Баҳористон» дар пайравии «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ эҷод карда шудааст.  

Сипас, дотсент Мирзо Солеҳов аз эҷодиёти нависандаи бузург порчаҳо оварда мазмуну мундариҷаи онро бо як услуби содда ба ҳозирин шарҳ дод. Аз ҷумла зикр гардид, ки нависандаи беҳамто бе се забон: форсӣ (тоҷикӣ), арабӣ ва туркӣ асарҳо эҷод намуда буд. Ҳамчунин оид ба тарҷумаи ҳоли шоири бузург маълумот дода, аз овони зиндагии мавсуф баъзе қиссаву ҳикояҳоро мисол овард.

Ҳамзамон порчаҳои зерин аз ашъори шоир қироат карда шуд:

Дар ҷавони саъй кун, гар бе халал хоҳӣ амал,

Мева бенуқсон бувад, чун аз дарахти навбар аст,

*****      *****       ****        ****    

Гар надорад симу зар доно, манеҳ номаш гадо,

Дар бараш дил баҳри дониш, ӯ шаҳи баҳру бар аст

*****      *****       ****        ****   

Ҳар писар, к-ӯ аз падар лофад, на аз фазлу ҳунар,

Филмасал гар дидаро мардум бувад, номардум аст.

 Шохи бебар гарчи бошад аз дарахти мевадор,

 Чун наёрад мева бор, андар шумори ҳезум аст.

*****      *****       ****        ****   

Дар фарҷоми дарси хизматӣ байни маърӯзачиён ва ҳайати шахсии Раёсати тиббӣ ва Комиссияи Марказии тиббӣ-ҳарбии Вазорати корҳои дохилӣ доир ба паҳлӯҳои гуногуни ҳаёт ва эҷодиёти мутафаккири бузург Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ музокираву мубоҳисаҳо сурат гирифта, машғулияти хизматӣ хотирмон анҷом пазируфт.

Хисрав Солиҳов, майори милитсия.


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика