Имрӯз (03.06.с.2014), сардори Раёсати ташхисӣ-криминалистии Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Муҳамадиев Муҳамадӣ Толибович зодрӯз дорад. Бахшида ба ин санаи муборак Муҳамадиев Муҳамадӣ Толибовичро Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар ҳузури аъзоёни Мушовара ва сардорони Раёсатҳои мақомоти корҳои дохилӣ табрику таҳният гуфт.
Муҳамадиев Муҳамадӣ Толибович то ба ин вазифа таъин шуданаш дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда, аз он ҷумла, сардори шӯъбачаи тафтишотии ШВКД, муовини сардори ШВКД, сардори шӯъбаи тафтишотии РВКД дар вилояти Суғд, сардори Раёсати тафтишотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намуда, дар рушду тараққиёти мақомоти милитсия ва дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ саҳми арзанда гузоштааст.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>