Рӯзи 13 майи соли ҷорӣ дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба «20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» чорабинии фарҳангӣ доир гардид. Дар чорабинии мазкур сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Зоиров Ҷурахон Маҷидович, шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи матни Суруди миллӣ Гулназар Келдӣ ва ҳайати устодону курсантони Академия иштирок намуданд.
Чорабиниро сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Зоиров Ҷурахон Маҷидович ҳусни оғоз бахшида, оид ба моҳият ва аҳамияти тақдирсози ин санади муҳим – Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза кард.
Мавсуф қайд кард, ки «Сарқонун – шиносномаи миллат буда, дар он инсон арзиши олӣ маҳсуб меёбад. Маҳз бо шарофати Сарқонун ҷомеаи ҷаҳонӣ давлати моро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва дунявӣ шинохт ва дар он тамоми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд мустаҳкам карда шудааст».
Сипас, шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ баромад намуда, аз таърихи қабули Сарқонун ва матни Суруди миллӣ ёдовар шуд.
Дар рафти чорабинии фарҳангӣ ҳунарманди шинохтаи ҷумҳурӣ Қобилҷон Зарипов аз ашъори Гулназар Келдӣ сурудҳо сароид ва курсантони Академия бо қироати шеърҳо дар васфи Ватан ва зебогиҳои диёр хотири ҳозиринро шод гардониданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ байни иштирокчиён мубоҳисаҳои илмӣ сурат гирифт.
Чорабинии фарҳангӣ бахшида ба «20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷолиб ва шавқовар баргузор гардида, дергоҳ дар хотири иштирокчиён боқӣ хоҳад монд.
Маҳбуба Гулова.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>