Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ёди шоири зиндаёди тоҷик

Субҳе ба тоҷи бе сари миллат гиристам,

Шоме ба марги мазҳари миллат гиристам.

Якпорчагишро ҳамекардам орзу, дареғ,

Бар пора-пора пайкари миллат гиристам.

Фарзандҳояш бе ҳадаф мурданд бе мазор,

Ман бар мазори модари миллат гиристам.

Маҳз ана ҳамин гуна шаҳрвандон буданд, ки ба зуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳоӣ ёфт ва имрӯз бингаред бо ташаббуси Сарвари давлатамон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба чӣ гуна пешравиҳо ноил гаштем. Пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон яке аз давлатҳои пешрафтаву зебову тараққикарда ба ҳисоб меравад. Агар имрӯз Лоиқ Шералӣ мебуд, ӯ ба синни 73-қадам мениҳод ва медид, ки мо ба кадом комёбиҳои назаррас ноил гаштаем.

Имрӯзҳо дар тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шеърҳои эҷоднамудаи устод, ки заҳматҳои зиёдеро харҷ кардааст, сарояндаҳои тоҷик оҳангсозӣ намуда месароянд. Матбуоти тоҷикро бе ашъору шеъру ғазалҳои устод тасавур кардан ғайриимкон аст, чунки марди барӯманди тоҷик фарҳанги тоҷикро, обрӯи тоҷику тоҷикзабононро баланд бардоштааст. Устод Лоиқ Шералӣ хизматҳои шоҳонае нисбати халқи худ, Ватани худ ва миллати худ кардааст, мо тоҷикзабонем ва имрӯзҳо аз шеъру ғазалҳои устод истифода мебарем ва хоҳем бурд.

Заҳр бодо шири модар бар касе,

К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.

Гуфтаҳои устод Лоиқ Шералӣ далолати онанд, ки ҳисси миллӣ, ватандӯстдорӣ ва баландбардории обрӯи миллати тоҷикро нишон медиҳад. Ин шоири барӯманди тоҷик аз ҳама бештару беҳтар ба ҳаммиллатон дарси ифтихори миллӣ гуфт, эҳтиёт кардан ва дӯст доштани сунатҳои ниёгонро талқин кард, тавассути ҷасорати адабиаш ба мо ҷасорати таърихӣ омӯхт ва мо низ аз устод Лоиқ Шералӣ баҳра мебарем ва то абад ёди устод дар дили миллати тоҷику тоҷикзабон зинда хоҳад монд.

Он лаъли гетиро бигӯ,

Лоиқ видоят карду рафт,

Он ёри маҷнунро бигӯ,

Лоиқ видоят карду рафт.

Қолаб тиҳӣ созам агар

Хору ҳазин ҷони падар,

Рав беди маҷнунро бигӯ,

Лоиқ видоят карду рафт.

Дар дидаам дил бурдаам

Ҷоми пайёпай хӯрдаам,

Он ҷоми ворунро бигӯ

Лоиқ видоят карду рафт.

Ин дафтари шеъру ғазал

Чун ман намирад аз аҷал,

Рав чархи гардунро бигӯ

Лоиқ видоят карду рафт.

 

Рӯҳат шод бошад Устод.

Обиддинов Х.И., муовини сардори Раёсати тиббии ВКД, Раиси Комиссияи Марказии ҳарбӣ-тиббии Раёсати тиббии ВКД, майори хизмати дохилӣ. 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика