Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими дипломсупорӣ дар Академияи ВКД

Зимни маросими дипломсупорӣ Сардори Академияи ВКД Зоиров Ҷ.М. баромад намуда, қайд кард, ки давраи донишҷӯӣ беҳтарин давра ба шумор рафта, дар ин айём шунавандагони Академия аз илму маърифат ва донишҳои ҳуқуқӣ бархурдор мешаванд. Онҳо пас аз хатми ин даргоҳи муқаддас бешак, дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон саҳм гузошта, барои халқу Ватан хизмати софдилона хоҳанд кард.

Тавре дар сӯҳбат бо мо муовини Сардори Академияи ВКД оид ба ҳайати шахсӣ, номзади илмҳои техникӣ полковники милитсия Нарзуллоев Саидаҳмад Абдусаидович иброз дошт,  «Имрӯз 164 нафар хатмкунанда аз имтиҳонҳои давлатӣ гузашта, соҳиби дипломи ҳуқуқшинос гардиданд. Аз инҳо се нафар бо баҳои аъло имтиҳонҳои давлатиро супорида, як нафар хатмкунанда – Саидахмедова Умеда соҳиби дипломи аъло гашт. Инчунин, 25 нафар аз Хадамоти оташнишонӣ бо ихтисоси муҳандиси бехатарӣ аз сӯхтор имтиҳонҳои давлатиро супорида соҳиби маълумоти олӣ гардиданд.

Мо устодон аз таҷрибаи омӯзгории хеш хуб истифода карда, кӯшиш ба харҷ медиҳем то онҳо соҳиби донишҳои  мукаммали замони муосир гардида, ватандӯсту хештаншинос бошанд».

Дар хотима, Раиси Комиссияи имтиҳоноти атестатсияи давлатии хатмкунандагони Академияи ВКД, муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умаров Икром Исломович ва Сардори Академияи мазкур генерал-майори милитсия Зоиров Ҷурахон Маҷидович ба хатмкунандагон диплом супорида, дар фаъолияти хизматиашон муваффақиятҳо ва бурдбориҳо таманно намуданд.

Маҳбуба Гулова, Рухшона Шукурова.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика