Мавсуф инчунин қайд намуд, ки ин маҳфил ба зодрӯзи шоир рост омадааст ва соҳибҷашнро ба ин рӯзи фараҳбахши умраш аз самими қалб табрику таҳният гуфт. Дар ин лаҳза аз ҷониби роҳбарияти Академия ба шоир тӯҳфаҳои арзанда супорида шуд ва шоир Хайрандеш низ як китоби тозанашри худро бо номи «Тоҷикнома» ба сардори Академия тақдим намуд.
Маҳфилро ҳамчунин қироати шеъри волои Хайрандеш аз ҷониби курсантони Академия ҳусни дигар бахшид. Онҳо шеърҳои дар васфи «Модар», «Тоҷикистон» ва садоқат ба Ватандоштаи ба қаламдодаи шоирро бо дарки баланд ба ҳозирин расонданд.
Дар баробари ин, дар маҳфил сарояндагони ҷавон ҳунарнамоӣ намуда, аз эҷодиёти шоир таронаҳо суруданд ва табъи иштирокчиёнро болида гардонданд.
Роҳбарияти Академияи ВКД нақша доранд, ки дар оянда низ чунин маҳфилҳоро бо иштироки адибону шоирони тоҷик баргузор намоянд, то ки шавқу завқи онҳоро ба шеър ва мутолиаи китоб зиёд намуда, ҳисси ватандӯстиро дар қалби онҳо бедор намоянд.
София Шоикова, рӯзноманигор.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>