Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Озмуни «Калидчаи заррин» дар мактабҳои ноҳияи Варзоб

Дар озмун хонандагони синфҳои 3-юм байни худ қувваозмоӣ намуданд. Озмун хело ҳам ҷолиб ва хотирмон мегузашт. Барои ҳарчӣ зиёдтар ба даст овардани холҳо дастаҳои «Сипар» ва «Оташак» кӯшиш менамуданд, ки 5 шарти асосии дар озмун пешбинишударо бехато ва дар кӯтоҳтарин муддат иҷро намуда, соҳиби «Калидчаҳои зеррин» гарданд.

Аз рӯи натиҷаҳои ба дастовардаи дастаҳо ҳайати ҳакамон ҷойи аввалро ба дастаи «Сипар», ки дорандаи 5 адад калидча гардида буд ва ҷойи дуюмро ба дастаи «Оташак», ки дорандаи 3 калидча гардида буд сазовор донистанд.

Дар интиҳои чорабинӣ аз тарафи роҳбари Дидбонгоҳи алоҳидаи ҳарбикунонидашудаи ХДО ноҳия Абдуҷамил Давлатов ва мушовири сардори Раёсати маорифи ноҳияи Варзоб Маҳмадалӣ Бобиев ба ғолибон ва иштирокчиёни озмун ифтихорнома ва тӯҳфаҳои қиматноки хотиравӣ супорида шуданд. Ҳамчунин ба мураббияҳои дастаҳо Лайло Каримова ва Парвина Саъдуллоева барои хуб омода намудани дастаҳо ба озмун, инчунин ба барандаи озмун хонандаи синфи 7 «А»-и мактаби мазкур Шоира Мирзоева ҳамчун барандаи хуб ва ба сарвари мактаб Раҷабгул Назарова барои дар сатҳи баланди ташкилотчигӣ омода ва баргузор намудани озмун ифтихорномаҳои ХДО ва Раёсати маорифи ноҳияи Варзоб супорида шуданд. Баргузории чунин чорабиниҳои зиддисӯхторӣ дар дигар муассисаҳои таълимии ноҳияи Варзоб ҳам ба нақша гирифта шудаанд ва дар рӯзҳои наздик баргузор хоҳанд гашт.

 Саломиддин Зарипов, Турсунбой Яъқубов, кормандони ДА ҲХДО ноҳияи Варзоб.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика