Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Озмуни расми беҳтарин дар ноҳияи Рӯдакӣ

Аз тарафи сарвар ва масъулони Гимназия баҳри дар сатҳи баланд доир гардидани чорабинӣ барои иштирокчиёни озмун тамоми шароитҳои лозимӣ муҳайё шуда буданд.

Боиси тазаккур аст, ки қаблан чунин озмун дар байни мактаббачагони ҳар мактаби ноҳия дар алоҳидагӣ ва баъдан байни ғолибони озмуни ҳамаи мактабҳо баргузор шуд, ки он ғолибони озмуни байни мактабӣ, ки маҳорати хуб ва истеъдоди баланди расмкашӣ доштанд ба озмуни ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд. Дар озмуни ноҳиявӣ аз байни 156 муассисаи таълимии ноҳия танҳо намояндагони 30 мактаб дар ду гуруҳ, яъне аз синфи 4 то 7 ва гуруҳи дуюм аз синфи 8 то 11 байни худ қувваозмоӣ намуданд.

Расмҳои кашидашудаи мактаббачагон, ки ба маърази ҳайати ҳакамон ва тамошобинон пешкаш гардида буданд ва ҳар он расмҳои ҷолибе, ки дар рафти чорабинӣ бевосита аз тарафи онҳо вобаста ба мавзӯъ кашида мешуданд, далели тайёрии ҷиддӣ дидани ҳар як иштирокчӣ ба озмуни ноҳиявӣ буд.

Мувофиқи холҳои ба даст оварда, аз тарафи ҳайати ҳакамон дар гуруҳи якум ҷойи аввал ба хонандаи мактаби №66 Нуриддинова Мунисса, ҷойи дуюм ба хонандаи мактаби №7 Усмонова Шаҳноза ва ҷойи сеюм ба хонандаи мактаби №15 Исломов Меҳрубон сазовор дониста шуд.

Дар гуруҳи дуюм бошад ҷойи аввал ба хонандаи мактаби №59 Собирова Дилафрӯз, ҷойи дуюм ба хонандаи мактаби №1 Олимҷон Обидҷонов ва ҷойи сеюм ба хонандаи мактаби №14 Давлатмурод Олимов дода шуд.

Ба ғолибони озмун аз тарафи муовини сардори ХДО ноҳияи Рӯдакӣ Ашуралӣ Тураев ва сармутахассиси Шӯъбаи маориф Абдусамад Муминов ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии қиматнок супорида шуданд.

Ҳамчунин барои иштироки фаъол дар озмун ба мактаббачагони 11 мактаби дигар низ ифтихорномаҳо дар шароити тантанавӣ супорида шуданд. Дар интиҳо иштирокчиён ва тамошобинони озмун аз баргузории чунин як чорабинии ҷолибу бошукӯҳ изҳори хушнудӣ намуда, ба ташкилкунандагони он изҳори сипос намуданд.

Воқеан баргузории чунин чорабиниҳо аз манфиат холӣ набуда, дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҳифзи моликияти хусусию давлатӣ аз сухтор саҳми сазовор хоҳад гузошт.

Изатулло Мирзоалиев, Исрам Холов, кормандони ХДО ноҳияи Рӯдакӣ.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика