Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Варзиш ин ҳаёти солим ва дӯстию рафоқат аст

Дар идомаи суханронӣ, ҳамчунин Бибихол Қандиева иброз дошт, ки айни замон дар шаҳри Кӯлоб чорабиниҳои варзишӣ хуб ҷараён дорад ва баргузории чунин чорабиниҳои варзишӣ барои интихоби роҳи дуруст ба ҷавонону наврасон боз ҳам кӯмак хоҳанд кард. 

Дар ҷараёни конференсия шарики барномавӣ - роҳбари Ташкилоти наҷоти кӯдакони шаҳри Кӯлоб Қосимова Қурбонгул дар мавзӯи зӯроварӣ дар оила ва пешгирии он суханронӣ намуда, иброз дошт, ки мушкилии зӯроварии хонаводагӣ ва хушунат дар баъзе оилаҳо вуҷуд дорад ва ҳар кадоми мо оиди пешгирии он бояд бетараф набошем.

Ҳамчунин дар конференсияи мазкур оиди ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, машғул шудан ба варзиш ва дӯстию рафоқати ҷавонони кишвар муовини аввали Раиси ШҶ «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ Шоев Аслиддин Назриевич ва муовини сардори Раёсати мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД Муродов Нодирхон Лайлоевич суханронӣ намуданд.

Дар фарҷоми конференсия байни маърӯзачиён ва аҳли нишаст музокира ва мубоҳисаҳо сурат гирифт.

Солеҳов Х.М., майори милитсия.      




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика