Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эй модари меҳрубону пирам…

Модарҷон, мардуми деҳа бо ташвиши рӯзгор банданду саргарми корҳои саҳроиянд, ҳамин тавр не? Баъзан чунин мешуморам, ки зиндагии деҳа нисбат ба шаҳр беҳтару хубтар аст. Аз он лиҳоз, ки бештари хешу ақрабо маҳз дар деҳот умр мегузаронанду ман муштоқи сӯҳбати ширину дидори онҳоям.

Мудом меггӯи, ки зимистон, ки оғоз шавад, ҳатман ба шаҳр меояму фасли сарморо бо туву наберагонам мегузаронам. Аммо ин дафъа низ модарҷон ба ваъдаат вафо накардӣ. Инак фасли сармо ба итмом расиду баҳори нозанин  қудуми сабзи худро ба сарзамини зебоманзарамон гузошт. Аммо аз омад-омадат дерест, ки интизорӣ мекашем. Албатта, ташвишҳои зиндагии ҳамарӯза хотиратро ором намегузоранд ва ё деҳаро бениҳоят дӯст медорӣ?

Модарҷон, ҳар қадаре, ки  фарзандҳо бузург мешудаанд, ҳамон қадар меҳру муҳаббати онҳо ба волидайн бештар мешудааст. Аҷабо, ин муаммост ва ё ҳақиқати ҳол?

Модари азизам, тобиши зиндагӣ чунин аст, ки инсон давра ба давра ва марҳила ба марҳила ташаккул меёбаду аз худ нақши босазое мегузорад.

Ман нақши туро модарҷон дар тарбияи дурусти фарзандон, садоқату самимияти бепоёнатро нисбати наздикону ҳамдеҳагон мебинам ва аз он меболам, ки номи зебоятро бо хушнудиву меҳрубонӣ вирди забон мекунанду накӯкориву хирадмандиатро мепарастанд. Ту ягонаӣ модарҷон, зиҳӣ модаре, ки баҳри фарзандон ранҷу азоб мекашаду бо умеди фардои нек ба воя мерасонад.

Модари азизам, шукри зиндагӣ, ки бо сад умеду орзу ба баҳори нав расидем ва аз фурсати муносиб истифода бурда, туро бо иди  фархунда - рӯзи модарон аз самими қалб табрик намуда, бароят сиҳатмандии комилу умри бобаракатро таманно мекунам.

Инак модарҷон, риштаи суханамро дар ҳамин ҷо хотима мебахшаму бо умеди дидор ва сиҳатмадии комил гуфтаниам:

Эй модари меҳрубону пирам,

Бар мўи сафеди ту бимирам.     

Рухшона Шукурова.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика