Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз пӯшидани либоси низомӣ ифтихор дорам!

Он супоришу дастурҳое, ки аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бар души ӯ вогузор мешавад, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, сари вақт ва босифат иҷро намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, то кори имрӯзаро ба фардо нагузорад.

Тавре бузургон мефармоянд:  

Касе, к-ӯ дар ҳунар бардошт ранҷе,

Бихар ҳар нуктаи он кас ба ганҷе.

Оре, бе ранҷ ганҷ муяссар намегардад. Дар баробари пеш бурдани кори мураккабу пуршарафи милитсия ӯ дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила ва хушунат нисбати занҳо заҳмат мекашад. Ҳамеша ва дар ҳар маврид такрор ба такрор мегӯяд, ки занҳо олиҳаи ҳуснанд, онҳо дар баробари мардон кору фаъолият намуда, боз рӯзгори хешро ба тамоми ҳастӣ пеш мебаранд. Аҳсан ба занҳои тоҷик!

Чӣ тарве дар сӯҳбат бо мо Отабоева Лола Ортуковна иброз дошт: «Чанде пеш ман бо ҳамроҳии гурӯҳи корӣ ба Штатҳои Муттаҳидаи Амрико сафари хизматӣ намудем. Тӯли 10 рӯзе, ки гурӯҳи кории  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Амрико қарор дошт, бо кору фаъолияти кормандони мақомоти кудратии ин кишвар аз наздик шиносоӣ пайдо намудем. Гурӯҳи корӣ ба 17-минтақаи маъмурии политсия рафта, аз ҷараёни хизматбарии онҳо шинос шуд. Бояд тазаккур дод, ки сардорони аксарияти ин минтақаҳо занон буданд.

Мавриди зикр аст, ки дар ШМА политсия касби пурифтихор буда, барои ба мақомоти политсия ба кор даромадан талабот сахт аст.

Ҳангоме, ки мо аз ин минтақаҳои хизматӣ дидан кардем, занҳои хизматчии политсияи ШМА аз шароити хуби корӣ ва будубош изҳори қаноатмандӣ ва шукргузорӣ намуда, бо тамоми ҳастӣ ва содиқона  хизмати худро баҳри  осоиштагии кишварашон пеш мебаранд.

Боиси хушнудист, ки  занони кишвари мо низ дар қатори мардони кордону шуҷоъ дар мақомоти корҳои дохилӣ кору фаъолият намуда, баҳри амнияти шаҳрвандону оромии  сарзамини биҳиштосоямон ҳамеша омодаанд».

Дар идомаи сӯҳбат Лола Ортуковна бо як меҳри беандоза ва табассуми латиф иброз намуд, ки: «Пушидани либоси низомӣ ба ман хеле хуш меояд. Соли 1996 ҳангоме, ки маро ба сафи мақомоти корҳои дохилӣ ба кор қабул намуданд, аз рӯзи аввали хизмат бо ҳавасмандии зиёд ин либоси шинамро ба бар кардам. Ҳатто намехостам, ки ин либосро аз тан бадар созам. Ман аз пӯшидани либоси низомӣ хеле ифтихор дорам».

Дар фарҷоми сӯҳбати пурмӯҳтаво ва бо фаро расидани ҷашни модарон ба ин зани фаъолу мубориз, ки баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва амнияти кишвар хизмати бошарафона менамояд, бо як ҷаҳон таманниёти накӯ орзу менамоем, ки ҳамеша бо кордонию малакаи баланди касбӣ ҳамдаму ҳамнафаси насли ҷавони милитсия бошад.

Маҳбуба Гулова, Рухшона Шукурова.


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика