Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тамошои кормандони милитсия аз ёдгориҳои Осорхонаи ВКД

108

2-юми феврали соли 2023 ҳайати шахсии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз намоиши дастовард ва ёдгориҳои таърихии Осорхонаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд. Кормандони милитсия дар баробари шиносоӣ пайдо намудан аз масири таърихии ташаккулёбии мақомоти милитсияи тоҷик, ҳамзамон ба тарзу усулҳои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии он дар давраҳои гуногуни таърихӣ, ҷоннисориҳои кормандони далеру шуҷоъи милитсия бархурдор гардида, ба худ ғизои маънавӣ бардоштанд.110
109Қобили зикр аст, ки дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми навбатии хеш таъкид намуданд, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии кормандони милитсия нақша-чорабиниҳо таъсис дода, силсилавохӯриву мулоқотҳои судманд ва тамошои осорхонаву маконҳои таърихии кишварро ба роҳ мондааст.
Воқеан ташкили чунин тамошои дастаҷамъонаи осорхонаву ёдгориҳои таърихӣ, ки бозгӯи давраҳои гуногуни таърихӣ ва ҷоннисориву қаҳрамониҳои фарзандони барӯманди миллати тоҷиканд, рӯҳияи меҳанпарастиву хештаншиносии инсонро баланд мебардорад. Бо ин мақсад минбаъд низ, тамошои дастаҷамъонаи маконҳои таърихӣ аз ҷониби мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.
Сироҷиддин Шукурӣ, капитани милитсия




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика