Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дубайи Умар қалбҳоро тасхир намуд

Ин дурдонаи дунёи ҳунар, ғолиби озмуни «Овози тиллоӣ» ҳамагӣ 14-сол дошта, бо суруду таронаҳои худ аллакай ба дили ҳазорон нафар ҷой гирифтааст.

Ӯ дар ин шоми дилангез гоҳ бо дутору гоҳ бо танбур, бо овози марғуладору дилнишин сурудҳои худро аз қабили «Зи дасти фалак», «Навбаҳорон», «Хишти аввал», «Забони модарӣ» ва «Модар» пешкаши тамошобинон намуда, шаҳболи кабутари орзуҳои худро месуруд.

Таҳти оҳангҳои ҷаззоб ансамбли рақсии кӯдаконаи «Лаъл» ба ин маҳфили зебо ҳусну тароват зам намуда, ин нишасти ҳунариро боз ҳам рангинтар намуд.

Баромади ҳунарпешагони «Ғарибшо-компания» низ бо саҳначаи ҳаҷвӣ хотири тамошобинони сершуморро болида гардонид.

Дубайи Умар ба мисли чашмаи пуравҷ бо навои ҷовидонӣ ва садои гуворо ба ҳозирин руҳу илҳом бахшида, аз таҷаллӣ намудани боз як ситораи заррин дар осмони санъати тоҷик дарак дод.

Боиси хушунудӣ ва сарфарозист, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба соҳаи фарҳанг таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, ҳунармандони ҷавону боистеъдодро пайваста дастгирӣ менамояд. Зеро миллати тоҷик – миллати бофарҳанг ва тамаддунофару кӯҳанбунёд аст.  

Маҳбуба Гулова, майори милитсия


You have no rights to post comments



  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика