Туӣ дар марзи кишвар қавни1 олӣ,
Кафили амният, осудаҳолӣ.
Туӣ, ки қалбҳо пур аз умед аст,
Шуда дилҳо зи ваҳму тарс холӣ.
Аё Қонуни мардумпарвари мо,
Ҳақиқатро фароҳамовари мо.
Баробар пеши ту шоҳу гадо аст,
Мизони адлро зебу фари мо.
Ҳуқуқи мардумонро ҳифз созӣ,
Мароми ту бувад мазлумнавозӣ.
Агар озодафарде ҷабр бинад,
Ҷафогарро ту худ озурда созӣ.
Баҳори бистуминат бод табрик,
Низоми мулкро эй чун муҳаррик.
Зи назми ту мураттаб ҷумлаи кор,
Зиҳӣ, Қонуни доруламни тоҷик!
Амиров Абдуғаффор, подполковники милитсия.
1. Қавн - қавонин, қонун
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>