Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мирзо Турсунзода аз назари бузургони миллатҳои гуногун

1857

Мирзо Турсунзода яке аз чеҳраҳои дурахшони адабиёти муосир тоҷик аст, ки барои хидмати шоёнаш ба унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф гардидааст. Ӯ 2-юми майи соли 1911 дар деҳаи Қаратоғи ноҳияи Шаҳринав дар оилаи усто Турсуни наҷҷор ба дунё омадааст. М.Турсунзода фарзанди замони худ буд ва эҷодиёти ӯ аз адабиёту ҳунари форсии тоҷикии даврони Шӯравӣ намояндагӣ мекард. Адабиётшиносон таъкид кардаанд, ки М.Турсунзода ба ҳайси як чеҳраи адабӣ каси одӣ набуд ва ҳаллоқияти эҷодии ӯро чун рамзи миллати овозадори тоҷик мешинохтанд ва эҳтиромоте, ки нисбаташ дар дунёи бурунмарзӣ доштанд, дар айни замон маънии эътирофи миллати тоҷикро медод. Яъне обрӯю эътиборе, ки М.Турсунзода дар кишвари худ сазовор гардид, чун падидаи мусбат ҷумҳуриҳои ҳамзабону ҳамхуни ҳамсояро думбола гирифта буд. Мирзо Турсунзода аз ҷониби бузургтарин донишмандон ва шахсиятҳои сиёсию давлатии ватанию хориҷӣ чун шоири тарғибгари сулҳу дӯстӣ шинохта шуда, ба фаъолияти адабию сиёсияш баҳои баланд додаанд. Дар ин мақола саъй намудем андешаҳои донишмандону сиёсатмадоронро дар бораи ин фарзанди фарзонаи миллат ҷамъоварӣ ва баррасӣ намоем. Ашъори шоирон дар бораи М. Турсунзода мавзӯи баҳси дигар аст
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки маҳз бо ибтикори эшон Мирзо Турсунзода созовори унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сазовор гаштааст, дар бораи фаъолияти адабию сиёсии ин шоири баландмақоми миллати тоҷик чунин мегӯянд: «Муҳаббати поки устод Турсунзода ба сарзамини аҷдодӣ, обу хоки Ватан, бешубҳа, барои наслҳои зиёди миллат ҳамчун намунаи олии ибрат хизмат хоҳад кард.
Устод Мирзо Турсунзода ба таърихи адабиёти муосири тоҷик ҳамчун шоири навпардозе, ки ваҳдати халқу Ватанро бо суханони ҷаззобу таъсирбахш васф кардааст, ворид шудааст. Ғояҳои олии ягонагии ёру диёр, муҳаббати гарми ватандорӣ, садоқат ба сарзамини ҳамешабаҳори тоҷикон дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода махсусан дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон пурраю мукаммал ба зуҳур омаданд. Шоир дар ин давра образҳои фарзандони бошараф, ҷасур ва далерро офарида, робитаи майдони ҷанг ва ақибгоҳ, қаҳрамониҳои ҷанговарон ва диловариҳои мардуми меҳнаткаш, ваҳдату ягонагии халқҳоро ҳамчун омили муҳими галаба бар фашизм нишон дод. Шеъри Мирзо Турсунзода шеъри миллат ва шеър барои инсоният аст. Тамоми зиндагии ӯ тимсоли хизмати содиқонаи як фарди зиёӣ ба нафъи халқу Ватани хеш мебошад.
Устод Мирзо Турсунзода воқеан Қаҳрамони Тоҷикистон аст. Меҳри ӯ дар ошёни баландтарин - дили халқ маъво гирифтааст ва халқ хотираи неки фарзанди маҳбуби хешро то абад ҳифз хоҳад кард».
Қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби давлатии сиёсӣ, муаррихи бузурги тоҷик аллома Бобоҷон Ғафуров, ки чанд муддат сарварии Ҷумҳурии Советӣ Сотсиалистии Тоҷикистонро дар дӯш доштанд ва худ китоби «Тоҷикон»-таърихи миллати тоҷикро навиштаанд, дар бораи М. Турсунзода мегӯянд: «Шумо (М.Турсунзода) дар ҳақиқат ҳам вориси арзанда ва қонунии ганҷинаи бузурги назми ҳазорсолаи халқамон, шараф ва ифтихори адабиёти тоҷик мебошед...»
Қисмати муҳими эҷодиёти Мирзо Турсунзодаро суруду достонҳое ташкил медиҳанд, ки шоир дар бораи кишвари афсонавии Ҳиндустон эҷод кардааст. Адиби бузурги Ҳиндустон Мулк Роҷ Опапд ба ашъори ҳиндустонии М. Турсунзода баҳои баланд дода, чунин менависад: «Кош дар хусуси кишвари Шӯравӣ асаре нависам мисли достони шоири тоҷик Мирзо Турсунзода дар бораи Ҳиндустон».
Николай Тихонов, шоири бузурги рус ва дӯсти наздики М. Турсунзода, ки борҳо ба Тоҷикситон омада ва дар бисёр сафарҳои хориҷӣ бо шоири бузурги тоҷик буд, дар мавриди ашъори ӯ менависад: «...ашъори Мирзо Турсунзода ба сони мурғи афсонавӣ аз рӯи қуллаҳои баланду дарёҳои паҳновар гузашта, бо ҳаққоният, самимият ва пардози зебои шоиронаи худ ақлу дили ҳамзамононро тасхир кардааст». Михаил Шолохов, нависандаи бузурги рус, дорандаи ҷоизаи Нобел дар мавриди М. Турсунзода чунин таманниёт кардааст: «Бигзор, килки ту бо ранги нилуфар ҷовидонӣ нақшу нигор бандад»!
Сергей Михалков, шоири дигари бузурги рус дар масъалаи нақши М.Турсунзода дар густариши сулҳу дӯстӣ менависад: «Мирзо Турсунзода дар наздикшавии кишварҳои Осиё ва Африқо, муборизаи мардуми ин қитъаҳо алайҳи мустамликадорӣ, расиданашон ба истиқлолу озодӣ саҳми бузурге гузоштааст.
Анатолий Сафронов, адиби бузурги рус таъкид мекунад, ки «Ин шахс (М. Турсунзода) инсони асилу бузург буд ва истеъдоди модарзодии шоириаш касро ба ҳайрат меовард, ватани худро беандоза дӯст медошт, қимату моҳияти ҳақиқии дӯстии халқҳоро амиқ мефаҳмид».
Парвиз Нотили Хонларӣ, донишманди бузург ва шоиру сиёсатмадори Эрон дар мавриди мақоми Турсунзода дар ҳафзаи форсизабонон менависад: «Оқои Мирзо Турсунзода, суханвари арҷмандест дар кишвари худ азизу мӯҳтарам ва назди мо низ чунин аст.
Файз Аҳмади Файз - шоири бузурги Покистон, адиби мубориз ва озодихоҳ мегӯяд, ки «Мирзо Турсунзода на фақат шоири бузурги тоҷик, балки мӯътабартарин ва азизтарин намояндаи халқи тоҷик буд». [6]
Қайсин Қулиев, шоири бузурги болқар бар он андеша аст, ки «Мирзо Турсунзода бузургтарин шоир ва машҳуртарин тоҷик буд».
Анвар Олимҷонов, адиби бузурги қазоқ чунин менависад: «Мо бахтиёр ҳастем, ки Мирзооқо дар байнамон умр ба сар мебарад, ӯ ҳамзамони мост ва ман метавонам ӯро мураббӣ, муаллим ва қадрдонтарин дӯсти худ бихонам».
Мирзо Иброҳимов - адиби бузурги Озарбойҷон дар мавриди мушаххасоти шеъри М. Турсунзода чунин ибрози назар мекунад: «Ман дар тамоми умри худ мисли ӯ (М. Турсунзода) донанда ва эҳтиромкунандаи шеъри классики Шарқ ва албатта форсии тоҷикиро басо кам дидаам... Вай аз зебоии зиндагӣ моҳирона баҳра мебардошт, чӣ будани гаму андӯҳро мефаҳмид ва ба бадбахтии дигарон шарик шуда метавонист».
Набӣ Хазрӣ, шоири дигари Озарбойҷон дар мавриди мақоми М. Турсунзода дар таърихи адабиёти тоҷик чунин андеша дорад: «Абадият ҳамбастагаии муҳаббат ва ақл, накӯкорӣ ва вафодорист... Абадият дар ҳама замонҳо дар пеши назари оламу оламиён ҳайкали боҳашаматест. Мирзо Турсунзода дар таъриху тақдири халқи худ амсоли ҳамин гуна ҳайкал қомат афрохтааст.
Мустай Карим - нависаидаи бузурги Чувашистон менависад, ки «Ба назарам Мирзо Турсунзода сарнавишти хушбахтонае дорад, ки муҳаббати ҳамдиёронаш нисбат ба шахси ӯ аз тарафи халқҳои дигар низ писанд афтодааст...»
Расул Ғамзатов, шоири бузурги Доғистон, муаллифи китоби машҳури «Доғистони ман», дӯсти қарини М. Турсунзода менависад, ки «Мирзо муқаллид не, балки давомдиҳандаи назми ҳазорсолаи халқи худ мебошад. Ӯ ин кори душворро бо сарафрозӣ...адо мекунад.
Нависандаи машҳури қирғиз Чингиз Айтматов мегӯяд, ки «Мирзо Турсунзода барои ман ҳамеша як намояндаи барҷастаи маданият ва адабиёти қадими тоҷик будааст ва ҳаст... Мирзо Турсунзода як шахсияти бемислу назирест» ва дар масъалаи тавири зан-модар дар ашъори Турсунзодаро ёдовар шуда мегӯяд: «Вақти гап задан дар бораи яке аз мавзӯъҳои дӯстдоштааш – дар бораи занон хеле боназокат буд. Дар ин мавзӯъ бо назокати тамом ва бо фасоҳати шоирона гап мезад ва ба тарзи мароқангезе фикр меронд. Ба назарам, ин ҷиҳат сазовори тақдире мебошад. Бисёр занон вайро барои ҳамин парастишкорона ҳурмат мекарданд, ки ӯ бо суханон, бо муомилаву рафтор ва бо маданияти ботинии худ дар дили онҳо роҳ меёфт ва шӯр меангехт».
Адиб шаҳри арман Серо Хонзодян менависад: «Ман дили Мирзо Турсунзодаро ба тапишҳои беқарори дили Шарқ нисбат медиҳам. Бале, маҳз ба Шарқи бузурги риёзаткаш ва офаридгори назми бузург. Дар ҳастии Мирзо тапиши дили вақтро мебинам».
Иосиф Брагинский, адабиётшиноси бузурги русзабони тоҷик дар бораи ҳаёт ва фаъолияти М. Турсунзода мегӯяд: «Дар бораи Мирзо Турсунзода бисёр чизҳо гуфтан ва навиштан мумкин аст. Ӯ чунон як шахсияти барҷаста, мураккаб, иҳотаи назарашро васее буд, ки дар бораи як ҷиҳати хоси табиаташ, дар бораи рӯҳи интернатсионалии вай, принсипнокии вай, дар бораи садоқаташ дар дӯстӣ, дар бораи дар шахси вай ба ҳам пайвастани эҷодкории поэтикӣ ва фаъолияти сиёсӣ ва боз ҷиҳатҳои зиёди дигар мақолаҳои ҷудогона навиштан мумкин аст.
Антонина Коптяева менависад: «Мирзо дар дили худ дарди ранҷҳои тамоми Осиёи бузург ва «хоҳари сиёҳ»-и худ Африқоро ҷо дода буд. Аз ин рӯ ӯ чун шоири мо Николай Тихонов, ки дар достони «Ҷони ширин» чун ба васфи устоди худ Айнӣ ба васфи ӯ низ сатрҳои самимона бахшидааст, муборизи ҳақиқии роҳи сулҳ гардид.
Евгений Челышев адиби шаҳири Шуравӣ дар бораи М. Турсунзода чунин навиштааст: «Ман Турсунзодаро на фақат ҳангоми бо дӯстон мусоҳиб шудан дидаам, балки дами собит кардани ғояҳои мо, мубориза бурдан бо онҳое, ки идеалҳои сотсиалистии моро бадном карданӣ мешуданд, низ дидаам. Дар ин лаҳзаҳо ӯ аз шахси нармсухани беозор, аз лирики нозукбаён, сарояндаи зебоиҳои табиат ва рӯҳи инсон ба муборизи оштинопазиру ҷасур табдил меёфт».
Адибони тоҷики замони Шуравӣ, ки баъзе аз дӯстон ва бархи дигар шогирдони бевоситаи М. Турсунзода буданд, монанди Боқӣ Раҳимзода, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил ва дигарон дар мавриди хислатҳои наку, ашъори мутантан, роҳбари матинирода, муборизи роҳи сулҳу амонӣ ва ғайра изҳори назар кардаанд. Масалан, навиштаҳои зерини Ҷалол Икромӣ ифодагари набзи адабиёти замони Шӯравист, ки хеле омӯзанда мебошад: «Турсунзода чун комсомоли ҳақиқӣ ва ленинчӣ, чун муборизи роҳи партия, чун журналист ва нависандаи оташинбаён ҳамеша фикри худро пеш мебурд ва аксар вақт ғолиб мебаромад. Он вақтҳо зиддиятҳо, муборизаҳои синфӣ хеле бошиддат давом мекард. Хусусан дар соҳаи идеология ҷанги сахт мерафт. Бедарак нест, ки баъзе шахсони буғзу адоватпараст худро сурх нишон дода, ба Пайрав ва ҳатто ба устод Айнӣ часпиданд. Ҳамон вақтҳо буд, ки устод Айнӣ ба мақолаи иғвогаронаи Бектош бо сарлавҳаи «Ҷавоби ман» як мақолаи тунду тез навиштанд ва чун эпиграфи он ин як байтро хеле ба ҷо оварда буданд.
Эй мункири кайфияти парвози магас,
Бе зина ту ҳам бар лаби ин бом баро!
Мирзо Турсунзода ҳам ба ин баҳсу ҷидолҳо фаъолона иштирок мекард, вале тезии қалами ӯ ба сӯи дӯстон набуда, ба сӯи бадхоҳони адабиёти советии тоҷик равона карда шуда буд».
Мирсаид Миршакар – адиби машҳури тоҷик, ки бо М. Турсунзода ҳамроҳ «бори адабиёти тоҷикро дар дӯш доштанд, дар бораи эҳтироми Турсунзода дар шибҳи қора бо такя ба гуфтаҳои Николай Тихонов менависад: «Дӯсти мардуми Шарқ, нависандаи бузурги рус Николай Тихонов ҳикоя мекунад, ки боре бо сардории ӯ чанд нафар нависандагони советӣ, ки Мирзо Турсунзода ҳам дар байни онҳо будааст, ба Қарочӣ сафар мекунанд. Вақте буд ба сарҳад наздик меоянд, сардори посбонон марди тануманд ва ҷасуру диловаре, ки барои озодии ватанаш на яку на ду бор бо мустамликачиён дастбагиребон шуда хун рехтааст, ба назди онҳо меояд ва бо тамоми дастуру қоидаҳои сарҳаддӣ ҳуҷҷатҳои онҳоро талаб мекунад. Онҳо ҳуҷҷатҳоро ба дасти ӯ медиҳанд. Сардор тасодуфан аввал ҳуҷҷати Мирзо Турсунзодаро мекушояд, якбора ба рухи ҷиддии ӯ табассум гул мекунанд, ҳуҷҷатҳои дигаронро ҳатто накушода, гардонда медиҳад ва меҳрубонона «Марҳамат як пиёла чой» гуфта, ба хонаи хурде, ки эҳтимол қаровулхона буд, онҳоро даъват мекунад. Ҳангоми сӯҳбати хеле самимона сардор гуфтааст, ки дидани дидори шоире, ки аз шеърҳои ӯ садои задани дили муборизони нимҷазираи Ҳиндустон шунида мешавад, барои ӯ шарафи бузургест…
Хулоса, шоири шаҳири тоҷик Мирзо Турсунзода на танҳо дар Тоҷикистон ва собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, балки дар арсаи байналмилалӣ шуҳрати бузург дошт ва ӯро ба сифати шоир ва қосиди сулҳу дӯстӣ мешинохтанд.

Азиза Давлатшозода,
сардори кафедраи забонҳои
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент,
полковники милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

qonun5

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика