Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мирзо Турсунзода - мубориз ва тарғибгари сулҳу амонӣ ва ғояҳои интернатсионалӣ

1780

Устод Мирзо Турсунзода ҳамчун шоир, мутафаккир, фарзанди бовафои халқу миллат тамоми ҳастияшро барои баланд бардоштани маданияту адабиёти тоҷик бахшидааст. Мирзо Турсунзода академики Академияи фанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси комитети якдилии халқҳои Осиё ва Африка, узви комитети Умумиҷаҳонии сулҳ, узви Комитети Умумииттифоқии мукофотҳои Ленинӣ, раиси Комитети мукофоти республикавии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ғайраҳо буд. Ба Мирзо Турсунзода унвони Лауреати Мукофоти Давлатии ИҶШС (СССР), Лауреати Мукофоти ленинӣ ва Лауреати Мукофоти республикавии ба номи Рӯдакӣ дода шудааст. Ҳиссаи Мирзо Турсунзода чун муборизи матин дар роҳи муҳофизати сулҳу амнияти халқҳои ҷаҳон хеле калон аст. Ӯ дар чандин конгрессу симпозиумҳои байналхалқӣ ширкат варзида, аз номи халқи тоҷик суханронӣ намудааст. Мавқеи ҷамъиятии ӯ чун паҳнкунандаи идеяҳои сулҳпарварӣ дар ҷаҳон машҳур аст. Соли 1961 аввалин унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистонро соҳиб гардид.

17811782

Соли 2001 Мирзо Турсунзода бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Фаъолияти эҷодии устод Мирзо Турсунзода аз соли 1930 сар мешавад. Қисми муҳими фаъолияти устодро достонсароӣ ташкил медиҳад: «Офтоби мамлакат», «Хазон ва баҳор» ва дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ «Писари Ватан» навишта, минбаъд фаъолияти достонсароии ӯ баъди ҷанг самаранок гардид ва шоир «Ҳасани аробакаш», «Садои Осиё», «Духтари муқаддас», «Чароғи абадӣ», «Ҷони ширин» ва «Аз Ганг то Кремл»-ро таълиф намуд. «Писари Ватан» калонтарин асари дар мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ навиштаи Мирзо Турсунзода мебошад. Мундариҷаи достон дар асоси роҳи ҷангии фарзандони халқи тоҷик ва дӯстиву рафоқати онҳо ба фарзандони халқи Украин фароҳам омадааст. Бахшида ба 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон аз ҷониби кафедраи забонҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Мавзӯъҳои байналхалқӣ ва сулҳу дӯстӣ дар ашъори Мирзо Турсунзода» баргузор гардид. Курсантони курси якуми факултетҳои №2, 5, 6 ашъори устод Мирзо Турсунзодаро бо се забон: забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ муаррифӣ намуданд. Аз ҷониби аъзоёни фаъоли Ҷамъияти илмии курсантони кафедраи забонҳо, марҳилаҳои эҷодиёти устод Мирзо Турсунзода, инчунин аз нахустин шеъри силсилаи «Қиссаи Ҳиндустон» сар карда тамоми ашъори ба мавзӯи байналхалқӣ бахшидаи шоир, ки маъно ва ғояи умумиинсонӣ касб кардаанд, пурра бо забонҳои русӣ ва англисӣ қироат гардида, достонҳои ҳамосии устодро ба тариқи саволу ҷавоб нақл намуданд.
Маҳфил бо шукуҳу шаҳомати хосса ва сурудани шеъри «Ман бо духтаре во хурдам»-и устод Мирзо Турсунзода аз ҷониби курсантдухтарони курси якум анҷом пазируфт.

Давлатшозода Азиза




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonun2605

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика