Аз давраҳои қадим миллати тоҷик ба китоб эҳтироми хосса зоҳир намуда, мутолиа ва ҷамъоварии онро дӯст медошт. Китоб хазинаи илму маърифат буда, таҷрибаю дониши донотарини шахсро дар бар мегирад. Китоб аҳамияти бузурги тарбиявию ахлоқиро дорост. Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи хирад, ганҷинаи фарҳанги миллат ва пояи тамаддуни ҷаҳони соҳибмаданият, хосса оинаи зиндагӣ ва калиди дари ганҷи сухан аст. Ҳамин аст, ки шоири бузурги форсу тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ китобро фурӯғи субҳи доноӣ ва аниси кунҷи танҳоӣ номидааст.
Инсон метавонад ба воситаи китоб бо адабиёту фарҳанги гузашта, сиёсат, иқтисодиёти мамлакат ва таъриху тамаддуни кишварҳои олам шинос шуда, дар дунёи маърифат сайр намояд. Беҳуда нагуфтаанд, ки дар ҷое, ки китоб аст, маърифат аст, фазои солим аст ва маҳз китоб ба ҳама торикиҳо равшанӣ мебахшад. Зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии хурду калонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад. Маҳз тавассути китоб осори классикон эҳё гардида, олами тафаккури мардумро равшан мегардонад. Агар дақиқтар назар афканем, китоб дӯсти ҷонии мо буда, дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ дастгир, роҳнамо ва мададгори мо мегардад.
Ҳанӯз соли 1901 муаррихи маъруфи рус И.Гейер дар хусуси донишу фарҳанги тоҷикон гуфта буд: «Дар миёни миллатҳои Осиёи Марказӣ тоҷикон мардуми босаводу бофарҳанг буда, кулли дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ ва меъмории минтақа натиҷаи заҳмати онҳост».
Воқеан, манзалати китоб ва эҳтироми он бузург аст. Дар ягон давру замон бе китоб - ғизои маънавӣ зиндагии рангинро наметавон тасаввур намуд. Ба таъбири халқ, «Хонаи бекитоб рӯзи беофтоб» аст. Хушбахтона, ин анъанаи неки гузаштагон, яъне санъати китобдориву суханварӣ имрӯз низ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мавқеи шоиста дорад. Ҳар рӯз аз тариқи нашриётҳои давлатию хусусӣ садҳо китоб ба нашр расида, ҳамчунин неъмати бузург ба хони маънавии мардум гузошта мешавад. Китобдорӣ аз касбҳои пуршараф буда, танҳо шахсони бофарҳангу илмдӯст ин пешаро интихоб мекунанд. Китоб барои мо дӯсти бовафо, маслиҳатгари беминат, рафиқи беғараз, ҳамдаму ҳамсуҳбати мувофиқ ва ниҳоят, сарвати бебаҳо аст. Беҳуда нест, ки бо мутолиаи китоб дарси одобу ахлоқ омӯхта, барои хубтару хуштар гузаронидани умр камари ҳиммат мебанданд, накукору покахлоқ ва ватандӯст тарбия ёфта, ба камол мерасанд. Аз ин рӯ, бояд ҷавонон ба қадри китоб бирасанд, вақти пурқимати худро ба беҳудагардию корҳои ношоиста сарф накарда, бештар китоб хонанд, то дар зиндагӣ душворие садди роҳи онҳо нагардад. Боиси ифтихору шукргузорист, ки бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли сеюм аст, ки бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвариву сухандонӣ, арҷгузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва баландгардонидани доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад.
Маҳз ҳамин дастгириҳои маърифатпарваронаи Сарвари давлат аст, ки илму ирфон ва соҳаи китобдорӣ рӯз то рӯз рушд намуда, ҷавонони моро бештар ба мутолиаи китоб ва завқи китобхониву китобдорӣ ҷалб намуда истодааст.
Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>