Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таърихи пурғановати матбуоти тоҷик

1601

Дар демократикунонии ҷомеа матбуот нақши муҳим дорад. Дар бораи рушди демократия дар ҳар як кишвар мувофиқи густариши шабакаҳои матбуоти даврӣ ва озодии сухан баҳо медиҳанд. Бахусус аз ин мавқеъ ба рушди матбуот ва мутобиқан ба озодии сухан таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мегардад. Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонад ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд. Зеро ҷомеа ба ахбор доир ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва умуман ҳамаи шохаҳои ҳокимият ниёз дорад, ки ин яке аз аслҳои бунёдии ҷомеаи озоди демократист. Дар зарфи 30-соли Истиқлолияти давлатӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳаввулоти зиёдеро аз сар гузаронида, марҳалаи ниҳоят душвори таърихиро тай намуд, аҳли соҳаи табъу нашр ва матбуоти кишвар ҳамеша ва пеш аз ҳама баҳри он кӯшиданд, ки твассути каломи чопӣ моҳияту аҳамияти истиқлолиятро ба мардуми кишвар фаҳмонанд, ҳувияти миллӣ ва ифтихори ватандории шаҳрвандонро густариш дода, симои воқеии Тоҷикистони соҳибистиқлол, таърих, фарҳангу тамаддуни беш аз панҷҳазорсола, имкониятҳои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, захираҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавиро баҳри бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба ҷаҳониён тавассути нашри китоб ва воситаҳои ахбори омма муаррифӣ кунанд. Ба ин мақсад соле садҳо номгӯй китобу ҷузва, албому маҳсулоти чопии дигари мусаввар ва рӯзномаву маҷаллаҳо ба табъ расида, дастраси хонандагон мегарданд. Боиси ифтихор аст, ки аз замони ба даст овардани Истиқлолият то имрӯз, бахусус, дар лаҳзаҳои барои давлату миллати тоҷик сарнавиштсоз, ба вижа, баъди Сарвари давлат интихоб шудани мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки халқи тоҷик дар симои ӯ сарвари ҳақиқии хешро дарёфт, бо ҷоннисориву талош ва саъю кӯшиши беҳад тавонист миллати тоҷикро аз вартаи нобудӣ наҷот дода, сарҷамъ намояд, хатари аз миён рафтани давлатро рафъ созад. Кормандони соҳаи матбуот ва табъу нашр дар бобати тарғибу татбиқи сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлат талош варзида, бо сухани созанда ба воситаи матбуоту китоб дар таҳкими истиқлолияти воқеии Тоҷикистон, сулҳу ризоияти миллӣ, осудагиву ободии Ватани азизамон дар радифи қишрҳои дигари ҷомеа содиқонаву софдилона саҳмгузорӣ намуданд. Матбуоти тоҷик, сарфи назар аз шакли моликият, чун узви ҷудонашавандаи матбуоти пешқадами ҷаҳонӣ дар тӯли 30-соли Истиқлолият тадриҷан аз як зина ба зинаи дигар қадами устувор гузошта, ба Тоҷикистон ва сокинони он софдилона хизмат кард. Таҷлили ин санаи таърихи дар ҷумҳурии мо аз соли 1994 ба расмият даромад. Фаъолияти босамари матбуот, заҳматҳои қаламкашон, инъикоси воқеъбинонаи онҳо сабаби болоравии огаҳию худшиносӣ, маърифату ҷаҳонбинии мардум, ошкору ислоҳи камбудиҳои ҷомеа ва рушди давлатдорию пешравии кишварҳо мегардад. Вақте, ки ба таърихи матбуотамон назар меафканем, дар робита ба нақшу мавқеи матбуот яке аз аввалин рӯзноманигорон ва саромадони матбуоти тоҷик устод Садриддин Айнӣ ҳанӯз дар ибтидои асри гузашта чунин гуфта буд: «Рӯзномаи ҳар қавму миллат забони эшон аст ва ҳар қавму миллате, ки рӯзнома надорад, гӯё забон надорад». Бо назардошти ин рисолати матбуот аҳли қалами тоҷик 11-уми марти соли 1912 нахустин рӯзномаи тоҷикиро бо номи «Бухорои шариф» чоп карданд, ки яке аз рӯйдодҳои муҳими фарҳангиву таърихии мардуми мо дар зиёда аз садсоли гузашта маҳсуб мешавад. Ҳамасола ин сана чун иди касбии кормандони воситаҳои ахбори омма, матбуот ва табъу нашр қайд карда мешавад. Барои ба вуҷуд омадани нахустин рӯзномаи тоҷикӣ фарзандони равшанзамиру маърифатпарварӣ миллат, ки ба фаъолияти муассири ҷамъиятиву сиёсӣ ва фарҳангии худ дар он замон эътибори баланд доштанд, саҳм гирифтанд. Тавре устод Садриддин Айнӣ иброз доштааст: «Бухорои Шариф» дар торикистони таърих чароғе буд, ки мардумро бо рӯшноияш ба роҳи саводу маърифат ва огаҳию худшиносӣ бурд». Ҳамчунин, рӯзномаи мазкур барои вориди майдони матбуот шудану фаъолият намудани нашрияҳои баъдии тоҷикии «Шӯълаи инқилоб», «Овози тоҷик» ва дигар рӯзномаву маҷаллаҳо замина гузошт. Вале, ин рӯзнома як соли пурра ҳам фаъолият накард ва баъди нашри шумораи 153-юм, санаи 2 январи соли 1913 баста шуд. Чун нахустин рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои Шариф» бо фаъолияти кӯтоҳ, вале пурсамараш таъсиру такони бузурге ба сиёсати замон ва афкору ҷаҳонбинии мардум бахшид. Бояд ёдовар шуд, ки аввалин рӯзномаи давлатии Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон соли 1925 бо номи «Иди тоҷик» таъсис ёфта буд, ки имрӯз бо номи «Ҷумҳурият» нашр мешавад. Мо ифтихор дорем, ки устод Абулқосим Лоҳутӣ аз аввалин муҳаррирони рӯзномаи «Иди тоҷик» ва дар баробари эҷодиёти ниҳоят ғановатмандаш дар рушди матбуоти тоҷик низ хизматҳои шоёнро анҷом дод. Дар давраҳои минбаъда низ аксари адибони маъруфи мо ва умуман аҳли қалам ё фаъолияти худро аз воситаҳои ахбори омма оғоз кардаанд ё ба онҳо ҳамкории доимӣ дошта, бо ҳамин роҳ дар рушди матбуоти миллӣ саҳми намоён гузоштаанд. Имрӯз матбуот ҳамқадами ҳаёт ва ҷузъи хеле муҳиму ҷудонопазири ҷомеаи озоду демократии мо буда, бо таъмини фазои иттилоотӣ ба шаҳрвандон дар интихоби дурусти мавқеъ ва дарёфти ҳақиқат имкониятҳои васеъ муҳайё месозад. Дар замони муосир ҷиҳати сари вақт ба аҳолӣ расонидани иттилоот дар баробари матбуоти чопӣ воситаҳои ахбори оммаи электронӣ-шабакаҳои телевизион, радио ва интернет саҳми бузург мегузоранд. Асри бистуякро асри иттилоот ном мебаранд. Имрӯз дастрасӣ ба итилоот бо истифода аз технологияҳои нави иттилоотиву коммуникатсионӣ ба яке аз ҷузъҳои ҷудоинопазири ҳаёти башар табдил ёфтааст. Одамон ба воситаи интернет аз навигариҳои олам фавран огоҳӣ меёбанд. Яке аз дастовардҳои бунёдии инсон ба ҳар роҳу восита ва бе назардошти марзҳо дастрас ва паҳн кардани иттилоот ба ҳисоб меравад. Ин мазмун дар моддаи 19-и Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, ки соли 1948 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба тасвиб расидааст, ифода гардидааст. Ба қонунгузории дохилии бисёре аз кишварҳо мафҳуми мазкур ворид карда шудааст. Аз ҷумла, муқаррароти ба ин монанд дар Конститутсияи мо низ дарҷ шудааст. Мавриди зикр аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар мамлакати мо барои пешрафт ва фаъолияти озодонаи воситаҳои ахбори омма тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд ва пайваста такмил дода мешаванд. Ҳоло фаъолияти воситаҳои ахбори омма тавассути қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи табъу нашр», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи реклама» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим карда мешавад. Ҳадафи аслӣ аз ташкили нишастҳои матбуотие, ки тибқи Амри Президент дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ соле ду маротиба ва дар сурати ба миён омадани масъалаҳои қобили баррасии фаврӣ ба таври пайваста баргузор мегарданд, таъмини дастрасии бештари воситаҳои ахбори омма ва шаҳрвандони кишвар ба иттилооти расмӣ мебошад. Вобаста ба ин, бо рушди ВАО марказҳои матбуотӣ низ ба миён омадаанд. Чунин шӯъба сарчашмаи расмии иттилооти дақиқ буда, барои робитаи мақомот бо воситаҳои ахбори омма ва ҷомеа таъсис дода шудааст. Ба ин тариқ, таъмини дастрасии рӯзноманигор ба сарчамаҳои иттилооти муҳими дорои аҳамияти иҷтимоӣ арзёбӣ мегардад, яъне тавассути ӯ бохабарии тамоми мардум таъмин мешавад. Айни замон аксари вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои Маркази матбуотӣ, сомонаи расмии интернетӣ, ҳафтаномаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии «Қонун ва ҷомеа» мебошад, ки аз вазъи криминогенӣ ва дигар самтҳои кору фаъолияти шабонарӯзии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба аҳолии кишвар иттилооти заруриро сари вақт ва мунтазам пешниҳод менамоянд. Дар Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД низ Шӯъбачаи ташвиқоту тарғибот ва кор бо созмонҳои ихтиёрӣ фаъолияти босамар дошта, дар ҳамбастагӣ бо Маркази матбуотӣ, сомонаи расмии интернетӣ, ҳафтаномаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии «Қонун ва ҷомеа»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо масъулини вазорат бо дигар воситтаҳои ахбори омма, ҷиҳати пешгирӣ ва хомӯш намудани сӯхтор ва бартарафсозии дигар ҳодисаҳои фавқулоддаву техногенӣ, рейду чорабиниҳои мақсадноки профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ ва корҳои ташвиқоту тарғиботӣ оид ба риояи ҳатмии меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор мунтазам тариқи воситаҳои ахбори омма ба самъи аҳолӣ иттилооти лозимӣ пешкаш карда мешавад. Пешрафти рӯзафзуни технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва таҷрибаи ҷаҳони имрӯза аз он далолат мекунад, ки истифодаи самараноки ВАО, бахусус, воситаҳои электронии ахбор на танҳо боиси пурра гардидани фазои иттилоотӣ мегардад, балки бо истифода аз онҳо ба таъмини беҳтари амнияти иттилоотии кишвар ноил шудан мумкин аст. Сухан метавонад ҳам созанда бошад ва ҳам сӯзанда. Бисёр муҳим аст, ки аҳли матбуоти кишвар дар рушди Тоҷикистони азиз ва таҳкими истиқлолияти давлативу ваҳдати миллӣ бо сухани созанда ҳамеша саҳмгузор бошанд.

Ба аҳли қалам фарорасии Рӯзи матбуотро, ки аз нашри нахустин рӯзномаи тоҷикӣ - «Бухорои шариф» маншаъ гирифтааст, самимона табрик гуфта, ба аҳли матбуоти кишвар саломатӣ, саодати рӯзгор ва дар корҳои эҷодиашон барору комёбӣ орзу менамоем.

Кароматулло Абдуллоев, СХДО ВКД ҶТ




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика