Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Биҳишт зери қадами модарон аст

805

Тасвири зан ва алалхусус Зан-Модар дар адабиёти ҷаҳон нақши густарда дорад ва дар адабиёти форсу тоҷик, ки аз қадимтарин адабиёти башарист, ин мавзӯъ бештар матраҳ шудааст. Ҳақиқати ҳастии Зан-Модар ва ҳуқуқу манзалати он дар китобҳои муқаддаси «Авесто», ки аз куҳантарин осори хаттии мардуми ориёинажод аст, таҷассум ёфтааст. Бино ба таъкиди авестошиносон, тибқи ин китоби осмонӣ ҳуқуқи зан дар баробари мард мусовӣ аст. Зан фурӯзонандаи оташи хонадон ва нуру сафобахшандаи оила аст. Дар китоби «Авесто» зан чун тимсоли аъмоли неки инсон, оинаи зебоӣ ва посдорандаи оташи муқаддас эътироф шудааст, зеро бунёди оила ва тавлиди фарзандон, ки дар дини зардуштӣ аз аъмоли писандидаи аҳуроӣ мансуб мешавад, вобаста ба Зан-Модар аст. Ниёгони мо, суғдиён ба Зан-Модар арҷ мениҳоданд ва идомаи наслро вобаста ба ӯ медонистанд. Суғдиён ҳангоми никоҳи зану мард вазифа ва ӯҳдадории арӯсу домодро ба таври комил дар аҳди никоҳ дарҷ менамуданд. Аз миёни ин санадҳои ёфтшуда дар Кӯҳи Муғи Панҷакент, ки аз осори хаттии суғдист, ақди никоҳи духтаре бо номи Дуғдғунча ва Уткин ном марде қобили таваҷҷуҳ аст. Дар ин санад вазифаҳои арӯсу домод бо хурдтарин ҷузъиёташ сабт шуда ва ҳатто масъулиятҳои мард дар шароити тарки зан ва баръакс муқаррар гардидааст. Ин ақди никоҳ рӯйи пӯст навишта шуда ва онро Рамтиши Вғашфарн ном хаттот иншо кардааст. Аз ин аҳди никоҳ маълум мешавад, ки ниёкони мо – суғдиён ба зан ва ҳуқуқи вай эҳтиром қоил будаанд. Мард вазифадор аст, ки ҳатто баъд аз ҷудо шудан аз зан маоши занро таъмин намояд, то замони шавҳари дигар карданаш ба мушкилии молӣ дучор нагардад.
Аз ривоёту достонҳои аҳди бостони мардуми ориёӣ маълум мешавад, ки зан дар интихоби шавҳар озод будааст ва ҳатто дар даврае, на мард, балки занҳо ҷуфти ояндаи худро интихоб мекардаанд. Аз адабиёти даврони Модҳо, ки аввалин давлати халқҳои ориёӣ мансуб мешавад, достони ошиқонае тавассути муаррихони Юнони бостон то ба мо расидааст. Яке аз онҳо “Достони Зариёдрис (Zariadres) ва Удотис (Odatis)” мебошад, ки сужаи мухтасари он чунин аст: “Овардаанд, ки Ҳистоспис (Гуштосб) ва бародари хурдиаш Зариёдрис аз издивоҷи Офрудит ва Одунис ба дунё омаданд. Ҳистоспис фармонравои Мод буд ва Зариёдрис бар навоҳии улёи дарвозаҳои Хазар то Танаис (Tanais-Сайҳун-Сирдарё) ҳукмронӣ дошт. Дар он сӯйи Танаис маросиҳо (Marathi) мезистанд, ки фармонравои онҳо Умуртис (Omortes) буд. Вай духтаре дошт ба номи Удотис, ки зеботарин зани Осиё ба шумор мерафт. Удотис Зариёдрисро дар хоб диду дил бад-ӯ баст ва Зариёдрис низ дар хоб мафтуни он духтар шуд. Зариёдрис кӯшид, то Удотисро ба даст оварад, аммо тавфиқ наёфт, зеро падари духтар намехост ӯро ба марди бегона шавҳар диҳад. Дере нагузашт, ки Умуртис ҷашни издивоҷе баргузор кард, ки дар он хешону наздикон ва ашрофи дарбори ӯ ҳузур доштанд ва аз Удотис хост, ки ҷоми шароб ба касе бидиҳад, ки моил ба издивоҷ бо ӯст. Зариёдрис, ки Удотис ӯро пеш аз он аз моҷаро огоҳ карда буд, ба шитоб ба ҳамроҳии гардунарони худ аз Танаис (Сайҳун) гузашт ва бо либоси сакоӣ, ношинос вориди ҷашн шуд ва Удотис ҷоми ӯро пур кард.” Аз ин достон ба хубӣ равшан мешавад, ки дар сунати ақвоми ориёӣ духтарҳо дар интихоб шавҳар озод будаанд ва ҳуқуқи онҳо ҳатто дар баъзе маврид аз мардон баланд будааст.
Дар “Қуръон”-и карим низ ба мақому мартабаи Зан – Модар арҷ мениҳоданд ва ҳатто мақоми модар дар баъзе ҳолатҳо аз падар бештар аст. Дар китоби осмонии «Қуръони Маҷид» зан чун мазҳари зебоии маънавии инсон, тавлидгари андешаҳои мубарро ва манишии некбинона дар зеҳни ҷомеа дониста шуда, ба мақому манзалати зан эътибори махсус дода шудаааст ва ӯ дар дунёву охират баробари мард соҳиби мақому эътибор аст. Қуръони карим ба иттифоқи дӯсту душман эҳёкунандаи ҳуқуқи зан аст. Бино бар ривоятҳои исломӣ, ҳар чизе, ки барои Худованд писанд омад, қатра-қатра, зарра-зарра ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро пурнур ва мардро хушбахт гардонад.
Паёмбари ислом-Ҳазрати Муҳаммад (с) ба зан модар эҳтироми бузург қоил буданд ва дар ҳадисҳояшон аз бузургии зан, модар ва вазоифи фарзандон дар баробари Модар сухан гуфтаанд. Бино ба ҳадиси Пайғомбар (с) «Биҳишт зери қадами модарон аст». Яъне инсон дар баробари тоату ибодат ва дигар аъмоли нек бояд дар хидмати модар бошад ва ризои ӯро ба даст оварад. Ҳаким Низомии Ганҷавӣ - шоири бузурги достонсаро маънии ин ҳадиси пайғомбарро ба риштаи назм кашидааст:
Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.
Дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чун дигар китобҳои бузургон, ҳастии зан нақши муҳим ва муассир дорад. Дар он Зан-Модар мақоми хеле воло дошта, тасвири бузургиву шаҳомат, корнамоиву шуҷоат, одобу фазилат, тавоноиву зебоии ҷисмонии ӯ аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Фирдавсӣ беҳтарин сифоти занонро дар мардонагиву вафодорӣ, ҳушбаёниву суханварӣ, хирадмандиву орифӣ ва ахлоқи пок, шарму ҳаё дарёфта Зан-Модарро чун мазҳари зебоӣ тимсоли некиву покӣ ва офарандаи инсони комил тасвир намудааст.
Аз «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ маълум мешавад, ки дар даврони бостон, яъне дар дини зардуштӣ зан ҳуқуқи воло дошта, худ ҳамсари ояндаашро интихоб мекардааст. Масалан, Катаюн – духтари қайсари Рум аз байни ҳазорон мардон, ки аксар ашрофзадогон буданд, Гуштосб марди ғарибро интихоб кард ва намедонист, ки ӯ шоҳзодаи ғариби эронист. Ҳамин гуна ҳуқуқи баробарии мардону занонро дар образҳои дигар занони «Шоҳнома», монанди Синдухт, Рудоба, Гурдофарид, Манижа, Фарангис, Гурдия мушоҳида кардан мумкин аст. Мафҳуми Зан-Модар хеле густардаву доманадор аст. Зан-Модар асоси ҷомеа, тавлидкунандаи насли инсоният, сутуни ҳар хонадон ва чароғи кошонаи тамоми мардуми рӯйи олам мебошад. Зан чун қаҳрамони саҳнаи пайкору набардҳо ба осори адабии мардуми Машриқзамин ворид шуда, на танҳо дар сарнавишти ақвоми ориёӣ, ҳамчунин дар адабиёти мардумони бурунмарзӣ таъсири бузург расонидааст. Аз ин рӯ, қисми зиёди шоирону нависандагони рус ва олмон, итолиёиву фаронсавй ва қавму миллатҳои дигар тимсоли занони адабиёти форсу тоҷикро чун намунаи беҳтарину барҷаста пазируфтаанд. Масалан, мутафаккири бузурги рус Н.Г. Чернишевский образи Гурдофаридро беҳтарин образ дар адабиёти ҷаҳон мешуморад.
Дар адабиёти асримиёнагии форсии тоҷикӣ зан асосан ҳамчун маъшуқа ситоиш ёфта, модар танҳо дар абёти панду ахлоқӣ ном бурда шудааст, чунончи, дар ашъори Устод Рӯдакӣ, Низомӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Бедил ва дигарон байтҳои алоҳидае дучор мешаванд, ки дар онҳо бузургии модар таъкид шудааст. Масалан, дар байти зерини Саъдӣ хушбахтии мард бо доштани зани хуб муяссар мегардад:
Зани хуби фармонбари порсо,
Кунад марди дарвешро подшо.
Дар адабиёти классики форсии тоҷикӣ шоире ёфтан аз имкон берун аст, ки дар ситоиши зан шеър насуруда бошад. Дар адабиёти муосири тоҷик ин мавзӯъ доманаи фарох дорад ва ҳатто мавзӯи мушаххасе бо унвони «Модарнома» ба вуҷуд омад. Мирзо Турсунзода ашъори зиёде дар ин мавзӯъ дорад, ки барои ҳар як хонандаи тоҷик маълуму машҳур аст, монанди шеърҳои «Дили модар», «Бо ҳамон дасте, ки чодар сӯхтӣ», «Ба духтари тоҷик» ва алалхусус достони «Ҷони ширин». Дар шеъри «Ба духтари тоҷик» гуфтааст:
Модари пуршафқати ояндаавлодон туӣ,
Даст бар гаҳвораи хушбахт фарзандон туӣ.
Аввалин ҳарф аз ту омӯзанд тифлон, з-ин сабаб,
Пояи мустаҳками фардои олишон туӣ.
Шоирони дигари тоҷик мавзӯи мазкурро идома додаанд. Устод Лоиқ Шералӣ ин мавзӯъро беш аз ҳама ва хубтар аз ҳама шоирони ҳамасраш густариш додаст. Дар «Модарнома»-и Лоиқ, бино ба таҳқиқи муҳаққиқонаш, симои умумиятёфтаи модари кӯҳистони тоҷик тасвир ёфтааст: зани оддӣ, аммо бузург, мехрубон, дуогӯ; бо мӯйҳои бофидаи пилтабаста, бо дастҳои ширбӯ. Устод Лоиқ Шералӣ дар ситоиши модар суханро дареғ надошта, ӯро ҳатто ҷони ҷаҳон номидааст. Умуман, фазо дар модарномаҳои устод Лоиқ густарда буда, шоир ба ғайр аз бузургдошт ва эхтироми модар барои тасвири манзараҳои табиат ва табиати мардуми кӯҳистон низ ҷой боқӣ гузошта, бузургиву саховати ин мардумро дар симои модар таҷассум намудааст.
Хулоса, тасвири ҳуқуқ ва мақоми Зан-Модар дар адабиёти мо аз даврони бостон ибтидо ёфта, то ба имрӯз идома дорад. Бо як сухан, дар тасвири адибони тоҷик зан сарчашмаи ҳаёт аст ва бидуни ӯ ҳаёт маънии худро гум мекунад.

 

Давлатшозода Азиза, сардори кафедраи
забонҳои Академияи ВКД ҶТ, н.и.пед.,
дотсент, полковники милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

qonun5

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика