28 феврали соли 2021 Ҳунарманди халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ, собиқ роҳбари ансамбли «Сипар»-и ВКД полковники мустаъфии милитсия Умар Зиёев ба синни мубораки 70 расид. Ба ин муносибат, ин марди хирадро раиси Созмони собиқадорони ВКД генерал-майори мустаъфии милитсия Ҷурахонзода Саид Қаюм аз номи Вазири корҳои дохилӣ ва аъзои ин созмон муборакбод намуд.
Номбурда аз фаъолияти пурсамар ва хизматҳои арзандаи ӯ дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии кормандони милитсия ёдовар шуда, афзуд, ки дар давраи фаъолияти ӯ ансамбли “Сипар” бо барномаҳои фарҳангию рангину ҷолибаш дар баробари кормандони милитсия, инчунин ҳаводорону мухлисони зиёдеро аз ҳисоби намояндагони касбу кори гуногун пайдо кард. Сарояндагону навозандагони ин ансамбл дар ҳама гуна чорабиниҳои cиёсию фарҳангии ВКД иштирок намуда, бо ҳунару истеъдоди худ ба ҳайати шахсӣ ғизои маънавӣ ва рӯҳу илҳоми тоза мебахшанд.
Бояд зикр кард, ки Умар Зиёев аз соли 2000, аз рӯзи таъсисёбии ансамбли «Сипар» то соли 2014 дар вазифаи роҳбари он фаъолият намуда, дар ин давра ба гирифтани чандин нишону Ифтихорномаҳои ВКД шарафёб гардид.
Бо ташаббуси собиқ Вазири вақти корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Ҳ.Шарифов моҳи октябри соли 2000 ансамбли «Сипар» таъсис ёфта, нахустин консерти худро 6 феврали соли 2001 - дар Рӯзи милитсия доир намуд, - мегӯяд собиқ роҳбари ансамбли “Сипар”.
Соҳибҷашн миннатдории самимии худро ба Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва раиси Созмони собиқадорон генерал-майори мустаъфии милитсия Ҷурахонзода Саид Қаюм барои таваҷҷуҳи рӯзафзун ба собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ баён намуд.
Умар Зиёев аз соли 2014 инҷониб дар нафақа буда, имрӯзҳо дар ҳалқаи фарзандону наберагонаш давлати пирӣ меронад ва аз хизматҳои кардааш дар соҳаи фарҳанги кишвар ва мақомоти корҳои дохилӣ ифтихор менамояд.
Дар хотима, мавсуф барои хизматҳои содиқона, софдилонаи тӯлонӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ, содиқ будан ба Савганди худ, тарбияи насли ҷавони имрӯзаи мақомоти корҳои дохилӣ, саҳми арзанда дар таҳким ва робитаҳои кории Созмони собиқадорони ВКД ва ба муносибати рӯзи зодрӯзаш бо Сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонида шуд.
Тоҷиддин ЛАТИПОВ
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>