Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақши зан дар ҷомеа

793

Дар арафаи фарорасии Иди Модарон, ошноӣ пайдо намудан бо бузургдошти рисолати онҳо қарзи ҳар фарди баору номус мебошад. Ҳамаи мо хуб медонем, ки давлати соҳибистиқлоли тоҷикон занро ҳамчун қувваи пешбаранда ва як ҷузъи муҳими ҷомеа эътироф намуда, иштироки ӯро дар тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маънавиёт ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои қудратӣ ногузир медонад.
Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон барои ба ҳаёти ҷамъиятӣ пайвастани занон тамоми шароитҳо ва заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам мебошанд.
Албатта, чи қадаре, ки занон бодонишу бомаърифат бошанд, ҳамон қадар ҷамоеа бофарҳанг ва фарзандонамон ботарбияву хушахлоқ мегарданд. Воқеан, боиси хушнудист, ки имрӯз мо дар мақомоти корҳои дохилӣ шумораи зиёди бонувони равшанфикр, бомаърифат, соҳибилм ва ҳамқадами замон дорем, ки боиси ифтихору сарфарозианд.
Аз нақши бузурги зан дар саҳнаи зиндагӣ на танҳо адибону шоирону файласуфон ёд кардаанд, балки онҳое, ки саҳнаи набардҳои азимеро тарҳрезӣ мекарданду барои кишваркушоӣ кӯшиш мекарданд, саранҷом аз бузургии зан-модар ёд карда, пеши азамати ӯ сари таъзим фуруд овардаанд.
Мо доимо бо занони меҳнатқарине, ки дар ВКД ва хусусан дар Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон заҳмат кашидаанд ва саҳми сазовори хешро дар ташаккули он гузоштаанд, ифтихору сарфарозӣ менамоем.
Умуман занони тоҷик аз рӯзҳои аввали таъсисёбии давлати Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун хизмати босазо намудаанд. Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ҳамчун донандаи хуби таърихи миллати хеш ба матонати зани тоҷик баҳогузорӣ намудааст: «Симои зани зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, бонангу номус, далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпараст, озодихоҳу адолатпарвар ва кадбонуву ҳунарманди тоҷик ҳанӯз се ҳазор сол қабл дар матнҳои суғдиву паҳлавӣ ба таври барҷаста тасвир ёфтааст».
Дар замонҳои гуногуни таърихӣ сарварии мулк ва ё кишвареро занон низ бар ӯҳда доштаанд, ки баҳои Наполеони бузург гувоҳи ин гуфтаҳост: «Зан бо тавоноӣ, бо ақлу заковати хеш метавонад бо як даст гаҳвораро ва бо дасти дигар дунёро такон диҳад». Фирдавсӣ низ дар «Шоҳнома» аз диловарӣ ва ҳушёрии занон сухан ба миён овардааст. Ӯ бонувонро ҳамрадифи мардон дониста, мақому манзалати волоро ба зан бахшидааст ва матонату иффати ӯро чунин васф кардааст:
Зи покиву аз порсойии зан,
Ки ҳам ғамгусорат асту ҳам ройзан.
Дар байни сохторҳои қудратӣ шояд мақомоти корҳои дохилӣ бо доштани теъдоди зиёди занон фарқ кунад. Ва бояд қайд намуд, ки сафи занон дар мақомот рӯз аз рӯз боз ҳам зиёд шуда истодааст. Ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда пешбарӣ ва таъин намудани занони бомаърифату бошарафи тоҷик дар мақомоти корҳои дохилӣ тақозои замон аст.
Дар тули фаъолияти мақомоти корҳои дохилии кишвар, гарчанд ном ва сохтори он чандин маротиба иваз карда шуда бошад ҳам, вазифаҳои асосии бар души ин мақомот буда тағйир наёфта, аз ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини адлу амнияти шахсӣ, пешгирии ҷиноят ва қонуншиканиҳо, ҳифзи моликияти шаҳрвандон аз сӯхтор иборат буд.

794

Боиси хурсандист, ки дар Хадамоти давлатии оташнишонӣ низ, ки яке аз сохторҳои калони ВКД маҳсуб меёбад, теъдоди зиёди занон кору фаъолият доранд. Занони тоҷик имрӯз ба сифати радиоалоқачӣ, танзимгар, нозиру сарнозир, муҳандису сармуҳандис ва сардорони шуъбаҳои гуногуни Сарраёсати хадамоти оташнишонӣ кору фаъолият доранд.
Маҳз занон дар хомӯш намудани саривақтии сӯхторҳо хизмати арзанда доранд, чунки аз сари вақт ба ҷои ҳодиса равон намудани нақлиётҳои оташнишонию техникаи зарурӣ ва шумораи муайяни оташнишонҳо, тез ва бе талафот хомӯш намудани сӯхтор вобастагии калон дорад.
Дар ҷомеаи мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гаштааст ва хеле хуб амал дорад. Бояд қайд кард, ки маҳз зан-модар дар тарбияи ахлоқии фарзанд нақши муҳим мебозад.
Зеро ба қавли Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Сухани пурҳикмату таъсирбахши занону модарони бомаърифат қудрате дорад, ки каҷравонро ба роҳи рост, ҷинояткоронро ба адлу инсоф, хиёнаткоронро ба сидқӣ сафо, ношукру носипосонро ба фурӯтаниву шикастанафсӣ роҳнамун месозад».
Ҷаҳонсозу ҷаҳонороӣ, эй зан,
Сутуни гунбади миноӣ, эй зан!
Зани боҷасорати тоҷик дар тули таърих баробари тарбияи фарзанд ва ҳифзи чароғи хонадон ба хотири ҳимояи шарафу номуси кишвар ва миллат дар паҳлӯи мардон бар зидди душманон далерона мубориза бурдааст. Илова бар ин, занон, ки имрӯз як паҳлӯи таркибии ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд, сиёсати хирадмандонаи Президенти кишварро дар роҳи сохтмони ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ пуштибонӣ намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар пешрафту густариши кишвари хеш саҳми арзанда дошта бошанд.
Дар фароварди андешаи иброз шуда, аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми занону модарон, аз ҷумла бонувони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва дар симои ҳар яки онҳо тамоми занони мақомоти корҳои дохилӣ ва сохторҳои қудратии кишварро бо Иди Модарон - 8 Март аз номи роҳбарияти СХДО ва тамоми кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД табрик намуда, бароятон пеш аз ҳама хушбахтиву саодатмандии рӯзгор, сиҳативу саломатӣ, хотири ҷамъ ва дили беғаму осоиштагиро таманно дорем.
Зиҳӣ зани тоҷик, ки имрӯз баробари мардон дар тамоми соҳаҳои ҷомеа фаъолият дориву пирӯзӣ насибат гардид!

Кароматулло Абдуллоев, СХДО ВКД




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика