Ба тан дорам либоси нанги миллат,
Дар он бедориву оҳанги миллат.
Вуҷудам аз шарофат бахтиёр аст,
Ва ҷону дил фидои ин диёр аст.
Содиқ модарам.
Тифли ман ҳар субҳ мепурсад зи ман,
Модари ҷонам, куҷо дорӣ шитоб?
Лаҳзае биншин, ки дар оғӯши ту,
Баҳри ман ширин бигардад нозу хоб.
Нахли умрам, ҷони ширинам, бубахш,
Зиндагонӣ ҳаст баҳри пурхурӯш.
Меҳру ишқу ҳастиям моли ту аст,
Бо муҳаббат бӯса мерезам ба рӯш.
Меравам дар роҳи Савганду вафо,
Хизматамро аз дилу ҷон мекунам.
Дар талоши ҳақ муроде оварам,
Мардумонро мушкил осон мекунам.
То туву тифлони зебо мисли ту,
Бол бикшоянд дар боғу чаман.
Дар фазои амн хушҳолӣ кунанд,
Арҷ бигзоранд бар хоки Ватан.
Бо нишони нангу номуси баланд,
Меравам ҷонам, ки шодӣ оварам,
Дар пайи Савганд, содиқ модарам,
Ман вафодорам ба халқи кишварам.
Модар
Модарам, гиря макун,
Модарам, гиря макун,
Ҷони саргаштаи ту афсурдаст,
Ман намурдам, ки ту фарёд кашӣ,
Зиндаам, то ки Ватан осудаст.
Модарам, гиря макун,
Паи Савганд, ки хӯрдам ба Ватан,
Ба вафову ба шарофат мурдам.
Тири душман, ки танамро бидарид,
Марди майдони садоқат мурдам.
Модарам, гиря макун,
Руҳи мотамзадаат пурчин аст,
Дар ҷигар захми ҳазорон тир аст,
Захмбардоштаи дар шиканам,
Ҳасрато, ин ҳама аз тақдир аст.
Модарам, гиря макун,
Шермардони шаҳидат хобанд,
Дар дили хоки Ватан осуда.
Зиндаёданду фидоии туянд,
Раҳи мардонагиро паймуда.
Модарам гиря макун.
Офоқ Қодириён, подполковники милитсия, узви Иттифоқи Нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>