Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хушҳолии фарзандони кормандони милитсия аз намоишномаи «Подош»

706

Рӯзи 28 декабр кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамроҳи фарзандонашон ба тамошои намоишномаи “Подош”-и Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, ки зери саркоргардонии Қамариддин Мирзоев ва дар таҳияи Абдумумин Шарифӣ рӯйи саҳна гузошта шуда буд, рафтанд.
Намоишномаи мазкур афсонавӣ буда, он хусусияти тарбиявӣ дошта, инъикосгари некӣ ба бадӣ мебошад. Ҳайвонҳо мисли одамон дар талоши зиндагианд. Ҳаёташон пур аз адолату хиёнат, некиву бадӣ, амали хайр ва дурӯғу фиреб аст. Харгӯшак хушу хурсандона бо рақсу суруд барои худ хона месозад. Рӯбоҳ бо роҳи фиребу найранг хонаи харгӯшро соҳиб мешавад. Харгӯшак дар хунукии зимистон дар берун монда, аз ночорӣ мегиряд. Ба кумакаш бӯзича ва хурӯспаҳлавон меоянд. Хурӯс, ки бачаи хурдакакаш Ҳушёракро гум карда буд, бо кумаки харгӯш ва бӯзича писарашро меёбад. Акнун мехоҳад аз сидқ ба харгӯшак ёрӣ диҳад, вале рӯбоҳи ҳиллагарро аз хона берун кардан кори осон набуд. Ба кумаки онҳо шамол меояд. Ӯ фиребу найранг, яъне яроқи худ рӯбоҳро истифода карда, ӯро аз хонаи харгӯшак берун мекунад.
Харгӯшаку хурӯсу бӯзича рӯбоҳро танбеҳ медиҳанд. Ҳар кас подоши амали худро мегирад. Рӯбоҳ ба тавбаву зорӣ гузашта, ваъда медиҳад, ки дигар ба ҳеҷ кас бадӣ нахоҳад кард ва барои худаш хона сохта, аз рӯйи виҷдон зиндагӣ хоҳад кард. Бо хоҳиши шамол харгӯшу хурӯсу бӯзича гуноҳи рӯбоҳро мебахшанд ва якҷоя рақсу сурудхонон хурсандиву шодӣ мекунанд.

707708

Аз намоишномаи мазкур фарзандони кормандони мақомоти корҳои дохилӣ рӯҳбаланд гардида, ҳар кадоме худро бо тақлид намудани нақши яке аз ҷонварони саҳна ташбеҳ менамуданд. Аз ин рафтори кӯдакон айён буд, ки ба онҳо тамошои ин намоишнома хуш омадааст.

Тоҷиддин ЛАТИПОВ




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonun771

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика