Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зи ишқи Ватан ҷӯш дорад дилам…

1404

- Театр оинаи зиндагӣ буда, ҳаётро дар тарозӯи ақл бармекашад. Театр гӯш кардан, тафаккур кардан ва андешиданро меписандад. Дар театр ҳунармандон нафаси тамошобинонро эҳсос менамоянд ва аз ин рӯҳу илҳоми тоза мегиранд. Мо дар ҷараёни намоишномаҳо, бурду бохти худро мебинем, ба қадри неъматҳои мавҷуда мерасем ва хулоса мебарорем, - иброз дошт ҳунарманди шинохта Султонмурод Бобомуродзода зимни оғози драмаи «Ишқи Ватан».

1405

Ин намоиш аз ҷониби ҳунарпешагони Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ ба ифтихори 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва бузургдошти шоири ҷанговар Ҳабиб Юсуф бахшида шуда буд. Драмаи мазкур рӯзи 18-уми декабр пешкаши кормандони милитсия ва афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилии ВКД гардид. Намоишнома инъикосгари ҳаёти ҷангӣ, задухурд дар ҷабҳа ва меҳру муҳаббат ба Ватан ва дилбастагӣ ба маънавиёт буд.
Драма чунин шурӯъ гардид, ҳангоми гусели сарбозон ногоҳ нафаре шоир Ҳабиб Юсуфӣ ва устоди ӯро мебинад. Ду ҷавони даъватгардида бо ҳам баҳс намуда, яке нобоварона мегӯяд, ки ин шоир Юсуфӣ нест, наход шоир ҳам ба ҷанг раҳсипор гардад ва бо ивази иҷрои рақси тоҷикӣ гарав мебанданд. Ҳамин тавр, пас аз муайян гардидани шоир, аз ӯ хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми гусели тоҷикписарон ба ҷабҳа шеъре аз эҷодиёташ қироат намояд, то душманбадбинии ҷавонон боз ҳам зиёд гардад.
Сардори взвод лейтенант Ҳабиб Юсуфӣ дар вақтҳои фориғ аз муҳорибаҳо бо ҳамяроқонаш маҳфилҳои фарҳангӣ доир намуда, ҳисси ватандӯстии онҳоро баланд мебардорад. Тасодуфан бо як асир - шоир Ҳанс Ҳофелберг вомехӯрад, ки дӯстдори забони форсӣ мебошад. Чун бо ӯ суҳбат менамоянд ва аз донишу маърифаташ воқиф мегарданд, ӯро аз асорат озод менамоянд.
Ҳодисаҳои ғамангезу пуршӯр яке паси дигаре аз пеши назар чун оина сипарӣ мегардад. Шоири тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ дар ҷанг захмин ва сипас ҳалок мегардад…

1406

Дар драма шеърҳои дар солҳои ҶБВ бахшидаи Ҳабиб Юсуфӣ садо дода, ба тамошобинон завқи меҳанпарастиро афзун мегардонд. Аз ҷумла:
Вақти он аст, эй қалам, буррандатар гардӣ зи теғ,
Вақти он аст, эй сухан, ғуррандатар гардиӣ зи барқ!

Наврӯз ҶОБИРОВ,
Тоҷиддин ЛАТИПОВ




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonun771

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика