Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзгори ибратбахш

1076

Дар зиндагӣ шахсонеро медонем, ки бо масъулиятшиносиву меҳнатдӯстӣ ном баровардаанд. Онҳо маҳз бо ҳамин хислатҳо барои дигарон намуна буда, лоиқи ифтихори дӯстону пайвандон ҳастанд. Яке аз чунин шахсон собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ подполковники мустаъфии милитсия Носир Ҳасанов мебошанд. Номбурда аз соли 1962 то соли 1992, 30 соли умри пурбаракати хешро баҳри ҳимояи манфиатҳои ҷамъиятию давлатӣ, таъмини амнияту суботи ҷомеа, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва тарбияи кормандони ҷавон дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ сипарӣ намудааст.
Чанд рӯз қабл ин марди наҷибу матинирода 80-сола шуд. Бо дастури сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич роҳбарияти Шӯрои созмони собиқадорони Раёсат ва шуъбаи ВКД дар шаҳри Гулистон ба манзили истиқоматии мавсуф, воқеъ дар шаҳри Гулистон ташриф оварда соҳибҷашнро дар рӯзи мавлуд аёдат ва аз номи ҳайати шахсии мақомот табрик намуданд.
Ҷоиз ба таъкид аст, ки Носир Ҳасанов соли 1962 фаъолияти хизматиашро дар сафи милитсияи Тоҷикистони Шӯравӣ бо рутбаи милитсионери қаторӣ дар вазифаи милитсионери ШКД-и шаҳри Конибодом оғоз менамояд. Баъди хатми Мактаби олии милитсияи шаҳри Тошканд дар вазифаҳои гуногуни ҳайати миёна ва калони роҳбарикунандаи милитсия дар шимоли Тоҷикистон фаъолият кардааст. Нозири кор бо ноболиғон, нозири минтақавии милитсия, муфаттиш, сардори шуъбачаи милитсия, муовини сардори шуъба аз вазифаҳои ибтидое буданд, ки Носир Ҳасанов фаъолият бурда дар сохтори бисёрсамтаи милитсия ба ҳайси мутахассиси пуртаҷриба сабзида вазифаҳои роҳбарикунандаро сазовор гашт.
Майлу хоҳиши корманди милитсия шудан дар сарнавишти подполковники мустаъфии милитсия Носир Ҳасанов ба ҳодисае алоқаманд аст. Аниқтараш соли 1962 ташрифи сардори ШКД-ии шаҳри Конибодом Қодир Хабилов ба заводи таҷҳизоти нақлиётии шаҳр, ки он замон Н.Ҳасанов ба ҳайси челонгар кор мекард ба интихоби касб сабаб шуд. Зимни суҳбат бо коргарони ҷавон сардори милитсия ба чанде аз онҳо кор дар сафи милитсияро пешниҳод мекунад. Ҳамин тавр ин вохӯрӣ самти кору фаъолият ва зиндагии ҷавони маҳаллиро дигаргун сохт. Назди худ мақсад мегузорад, то ин ки дорандаи ин касби пуршараф бошад. Кор дар сафи милитсияро интихоб карда аз коргари қатории мақомот то зинаҳои роҳбарикунанда камол ёфт.
Давоми фаъолияти хизматӣ дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ, ҳамчун сардори Шуъба дар чор шуъбаи корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои Қайроққум (ҳозира шаҳри Гулистон), Зафаробод, Нов (ҳозира Спитамен), Мастчоҳ ва шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии дастгоҳи Раёсат ифои вазифа намуда, дар баробари иҷрои уҳдадории хизматӣ яъне ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, ҳифзи моликияти давлативу ҷамъиятӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ҳамзамон дар роҳнамоӣ ва тарбияи насли ҷавони милитсия саҳм дорад. Шогирдон ҳамчун роҳбари поквиҷдон, ботамкин, пурмасъул ва серталаб аз ӯ ёд мекунанд. Чанде аз онҳо, ки айни ҳол дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд дар таҷрибаи амалӣ истифода намудан аз усули роҳбарӣ ва корбарии Носир Ҳасановро таъкид медоранд.

1077

Дар бахши оиладорӣ ва тарбияи фарзанд қаҳрамони мо, аз ҷумлаи он нафаронест, ки оила барояш муқаддас аст. Соҳиби чор фарзанди баркамол ду писар ва ду духтар мебошад, ки дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият дошта нафъашон ба ҷомеа мерасад. Худи ӯ низ баъди баромадан ба нафақа дар дигар самтҳои хоҷагии халқ хизмат намуда дар ободии Ватан бетараф нест. Тавре Носир Ҳасанов таъкид медорад ҳама муваффақият ва саодати зиндагии ӯ ба фаъолияташ дар сохтори МКД алоқаманд аст. Зеро дар сохтори мазкур обутоб ва мавқеашро дар зиндагӣ ёфт.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика