Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонун бақои миллат аст

Қонун шикастан хуб нест,

Не бар шаҳу не бар гадо.
Қонун шикастан хуб нест
Дар ҳеҷ ҷо дар ҳеҷ ҷо.

Қонун бақои миллат аст,
Қонун сафои миллат аст.
Қонун шикастан хуб нест,
Қонун давои миллат аст.

Қавме, ки қонун хор кард,
Хоки Ватан хуншор кард,
Аҳли Ватанро аз Ватан,
Дилмондаву безор кард.

Қонуншикан дар ҳеҷ замон,
Охир намеёбад амон
Бешак худаш расво шавад,
Бе зуру панди одамон.

Қонун чароғи роҳи мост,
Дар шомгоҳон моҳи мост
Қонуншикан ноодам аст,
Қонун абад шоҳроҳи мост.

                   Хонаи умед

Ватанам, хонаи умеду дилу ҷону танам,
Ватанам, ҳастӣ ту шаҳраг ба тамоми баданам.
Тоҷикистон кафи хоки ту беҳ аз ганҷи ҷаҳон,
Ватанам, эй Ватанам, эй Ватанам, эй Ватанам.

Баҳри ҳифзат на кам аз Шеракам, Таҳамтанам,
Баҳри ҳифзат кӯҳи сангину басо сафшиканам.
Фахри ман, шодии ман, мояи иқболи манӣ,
Ватанам, эй Ватанам, эй Ватанам, эй Ватанам.

Як гуле аз гули шодии ту андар чаманам,
Духтари васфнамоят ба ҳама анҷуманам.
Ту агар нестӣ, ман нестам, эй тоҷи сарам,
Ватанам, эй Ватанам, эй Ватанам, эй Ватанам.

Ба ту ман рози дил иброз кунам, эй Ватанам,
Ба ту ман сози дилам соз кунам, эй Ватанам.
Ту азизӣ ба Азиза ба ҳама ҳастии худ,
Ватанам, эй Ватанам, эй Ватанам, эй Ватанам.

                                                                    Азиза Давлатшозода

 




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonun771

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика