Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фалсафаи зиндон (Қисса)

1118

Қабл аз ин, ки ин қиссаро ба шумо пешниҳод созам, хостам гӯям, ки ин қисса асоси воқеӣ надошта, балки осорест аз тахаюлоти шахсии худам.
Дар яке аз кишварҳои хориҷа файласуфе будааст, ки фалсафаи зиндагиро бо тамоми ҷабҳаҳояш хуб медонистааст. Ҳар чизи нав ӯро ба ҷустуҷӯ водор месохт ва ӯ то ба нуқтаи охир онро ҷустуҷӯ сохта аз тамоми рози он ба таври васеъ бохабар мешуд.
Рӯзе дар истгоҳ машғули китобхонӣ буд, ки ду нафар бо ҳам сӯҳбат мекарданд, нохоста ба муколамаи онҳо гӯш андохт ва фаҳмид, ки муколамаи онҳо оид ба зиндон будааст. Файласуф чанд рӯз дар фикр зад, ки оё зиндон чӣ гуна ҷо бошад, оё инсон метавонад аз онҷо аз ҳикмате баҳравар шавад. Ин фикр файласуфро ба таҷриба водор сохт ва ӯ хост ба зиндон равад ва ҷаҳони зиндониро дарк созад.
Назди яке аз дӯстони худ, ки афсари полис буд рафт ва аз ӯ дархост кард, то ӯро ба муддате ба маҳбас ба ҳайси як ҷинояткор равон кунад. Дӯсташ ба ӯ фаҳмонд, ки то шахс ҷиноят содир накарда бошад, ӯро ба зиндон намебаранд, аз ин рӯ, баҳри ту дӯстам аз дастам коре намеояд. Файласуф аз ӯ пурсид бо задани шахс оё метавон ба зиндон рафт?
Афсар гуфт: дар ҳолати гирифтани ҷароҳат ӯро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ, яъне ба зиндон мекашанд.
Аз байн лаҳзае нагузашта буд, ки файласуф бо мушт ба сари дӯсти хеш зад ва содиркунандаи ҷиноят гашт. Бо ҳукми суд ӯро ба муддати 2 сол зиндонӣ сохтанд. Аммо файласуф ғамгин ҳам нагашт, чаро ки ба мақсади хеш расида буд. Файласуфро ба зиндон бурданд ва дар яке аз ҳуҷраҳои (камера) умумӣ ҷой доданд. Аз байн 2 сол сипарӣ гашт, билохира файласуф аз зиндон озод шуд ва дар хулосаи хеш, ки ҳамчун шуури ҷамъиятӣ баромад мекард, чунин иброз дошт:
Зиндон ҷоест, барои одамони бемақсад, ки мақсаде барои зиндагӣ надоранд, дарди миёнро намеписанданд ва муҳтоҷи касе ҳам будан намехоҳанд. Вақтро қиммат ва ғанимат намеҳисобанд ва кӯшиш бар онанд, ки ин вақт ҳарчи зудтар ва беҳудатар бигзарад. Талош ва пешравиро хоси хеш намебинанд. Дар як марҳила ва як оин, ки худ муаллифи он ҳастанд мехоҳанд, умр ба сар баранд ва фармонравои ҳудуди муайяне ҳастанд, ки дахли касе онҷо нест.
Аммо ашхоси дигаре низ ҳастанд, ки бегуноҳ вориди онҷо шудаанд ва баҳри онҳо зиндон - дунёи тангу торест, ки дар он ҳар лаҳза нафасгир мегарданд, худро нороҳаттар аз рӯзи пештара ҳис мекунанд, вале ин дардро пинҳон медоранд, чаро ки ғурури мардиашон ба ин монеъ мешавад.
Ҳикмати зиндонравии як шахс - ин масрафсозии вақти ҳаёти ӯ мебошад, ки дар миёни 4 девор сипарӣ мегардад.
Қурбонов Ф.А., курсанти курси 2-юми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика