Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шукрона

Шукрона кун эй халқи Ватан аз дилу аз ҷон,

Шукронаи ин хоку дари равзаи Ризвон,
Шукрона ба ҳар хору хаси мазраи мардон,
Шукрона ба ҳар тозагули боғу гулистон,
Шукрона ба ҳомии Ватан, роҳбари даврон.

Шукрона аз ҷон,
Эй кишвари рахшон.

Сулҳ асту сафо ҳасту ҷамол асту камол аст,
Ваҳдат ба ҳама бурҷи Ватан ҳолати ҳол аст,
Ин хоки Ватан лоиқи васл асту висол аст,
Дар боғи Ватан қақразанон кабки ҳилол аст,
Пешвоии Пешвои Ватан лоиқи дастон.

Шукрона аз ҷон,
Эй кишвари рахшон.

Эй ҳамватанон хоки Ватан синаи Модар,
Мардони Ватан бар дигарӣ ҷумла бародар,
Занҳо ҳама гулчеҳра ба ҳам аппаву хоҳар,
Тоҷик набувад ҳар ки накард ин ҳама бовар,
Шукронаи ин раҳбару ин кишвари хандон

Шукрона аз ҷон,
Эй кишвари рахшон.

То дар сари ин халқу Ватан чун маҳи тобон,
Пешвоӣ кунад ҳомии равшандили Раҳмон,
Сулҳ асту вафо ҳасту сафо ҳасту гулистон,
Дар авҷи само ҷилва кунад Парчами рахшон,
Дар хоки Ватан рақс кунад мурғи ғазалхон.

Шукрона аз ҷон,
Эй кишвари рахшон.
АЗИЗА

Ҳарфи забони модарӣ

Дар саҳнаи ҳар иду сур,
Дар партави дунёи нур.
Дар суфраи нону намак,
Дар хонаи бахту ҳузур,
Фарҳанги ҳастии ман аст,
Ҳарфи забони модарӣ.

              ****
Бодавлатам, бодавлатам,
Дар байни давлатдорҳо.
Босавлатам, босавлатам,
Дар байни савлатдорҳо.
Ҳам давлатам, ҳам савлатам,
Ҳарфи забони модарӣ.
              ****
Ман бостони миллатам,
Ман достони миллатам.
Андар алифбои ҷаҳон,
Ман остони миллатам.
Ҳамчун алифи боғи хат,
Ҳарфи забони модарӣ.
            ****
То Пешвои халқи ман,
Фахрад ба номи модараш.
То Раҳнамои халқи ман,
Фахрад ба боми модараш.
Фахрам ба фахри фохирӣ,
Ҳарфи забони модарӣ.

Азиза Давлатшозода, сардори кафедраи забонҳои Академияи ВКД ҶТ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, полковники милитсия




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика