Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эътибори шахсият ва сухани Камоли Хуҷандӣ

248

 

Бахшида ба ҷашни 700-солагии Камоли Хуҷандӣ

Оламе рӯй намуданд ба ашъори Камол,

Ки хаёлоти латиф аст дар оби суханаш.
Яке аз намояндагони барҷастаи адабиёту фарҳанги тоҷик, ки дар инкишоф ва такомули жанрҳои адабӣ, аз ҷумла ғазал, нақши калидӣ гузошта, онро ба пояҳои боз ҳам баланди касбӣ расонидааст, Камоли Хуҷандӣ мебошад. Ин адиби ҷаҳоншумул ва муаррифгари фарҳанги пурғановати тоҷик дар миёни солҳои 1320-21 дар шаҳри бостонии Хуҷанд таваллуд шудааст. Айёми кӯдакӣ ва таҳсили ибтидоии Камоли Хуҷандӣ дар зодгоҳаш гузаштааст. Мувофиқи ахбори сарчашмаҳои адабӣ ва таърихӣ, Камоли Хуҷандӣ дар айёми ҷавонӣ барои сайқал додани донишу малакаи худ ба шаҳрҳои Самарқанд, Шош (Тошканди имрӯза), Макка, Ҳиҷоз, Хоразм, Бағдод сафар карда, аз устодону донишмандони бузурги давр илмҳои адабиёт, забон ва адабиёти араб, таърих, фиқҳ, калом, ҳикмат, тафсир, ҳадис, тасаввуф, зироаткорӣ ва ҳисобро хуб омӯхтааст.
Камоли Хуҷандиро баъд аз сафарҳои зиёд, соли 1385 ҳокими дашти Қипчоқ аз Табрез ба пойтахти давлати Олтин-Урда шаҳри Сарой, ки дар канори поёноби Волга (дар наздикии Астрахани ҳозира) воқеъ гардида буд, ҳамроҳи худ гирифта мебарад ва бидуни шак, ӯро яке аз наздикони худ медонад ва аз рӯйи эҳтиром ба ӯ боғе аз боғҳои Саройро барояш ҳадя мекунад. Аз рӯйи осори Камоли Хуҷандӣ муайян мегардад, ки зиндагии ӯ дар Сарой муддате осуда ва бо фароғат мегузаштааст. Шоир дар тавсифи Сарой, дилбарони моҳталъати он ва осоиштагии худ, ки ҳамагӣ ёздаҳ солро дарбар мегирад, байтҳои зиёде дорад, ба мислӣ:
Бӯстонест Сарой аз гули он рӯй, Камол,
Ба Сарой омадӣ, эй булбули хушгӯ, бисарой.
Шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Камоли Хуҷандӣ баъд аз зиндагии зиёде дар Сарой мехоҳад, ки ба зодгоҳи худ баргардад, аммо дар сафар бо хоҳиши дӯстони зиёд боз ба Табрез ташриф меоварад. Мувофиқи ахбори тазкиранигорон, аз рӯйи эҳтиром аз ҷониби хокими он шаҳр – Мироншоҳ, ки фарзанди Амир Темур буд, дар Валиёнкӯҳ боғе ба шоир ҳадя карда мешавад. Шоир аз зебоӣ ва хушбоду ҳаво будани он боғ хушнуд буда, онро ба биҳишт монанд кардааст:
Биҳамдуллаҳ, ки дигарбора рӯи дӯстон дидам,
Чу булбул мекунам мастӣ, ки боғу бӯстон дидам.
Ман он мурғи хушилҳонам, ки берун аз қафас худро
Ба иқболи баҳор эмин зи ташвиши хазон дидам.
Камоли Хуҷандӣ чун шоири ватандӯст, меҳанпараст, ки дар баробари шароити мусоид будан, ҳеҷ гоҳ худро озод ҳис накарда, ҳаёт ва зиндагии ӯ дар зери азоби бекасӣ ва маҳрумӣ аз ёру диёр гузашта, бо ифтихор аз ватани маҳбуби худ дар саросари осораш ёд кардааст. Вай гоҳе аз он бекасӣ, ғарибӣ ва оворагардиҳои худ ба танг омада, фарёдҳои ғамгинона кашидааст. Аз ин ҷиҳат, дар ин гуна ҳангоми дурӣ аз ёру диёр, бекасӣ ва тангдастиҳо дар кишвари бегона, қадру қимати Ватан ва шавқу дидори ёронаш боз ҳам ӯро афзунтар мекард, вале ба мақсад расида наметавонист:
Чӣ пурсӣ аз Камол, охир, ки дур аз рӯи ман чунӣ,
Чӣ бошад ҳоли он булбул, ки аз гулшан ҷудо афтад?!
Бештари муаллифони сарчашмаҳои аслӣ ба азамату манзалати маънавии шоир қоил буда, дар асарҳои худ бо самимияти хосса аз ӯ ёд кардаанд. Масалан, Давлатшоҳи Самарқандӣ вайро “саромади рӯзгор, марҷаи хоссу ом ва сархайёли акобири айём” навиштааст. Санади дигаре, ки ҳанӯз дар вақти ҳаёт буданаш маъруфияти ӯро дар шоирӣ нишон медиҳад, он аст, ки дар қатори бисёр муаллифони дигар Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳаққи ӯ чунин мегӯяд: Касоне ба суҳбати Камолу Ҳофиз – ҳар ду расидаанд, гуфтаанд: - Суҳбати Камол беҳ аз шеъри ӯст ва шеъри Ҳофиз беҳ аз суҳбати ӯст.
Аз ин гуфтаҳо пайдост, ки агар эътибори Камоли Хуҷандӣ дар ташаккул ва таҳаввули адабиёти классикии тоҷик, махсусан жанри ғазал баланд намебуд, ҳеҷ гоҳ шеъри ӯро бо Ҳофизи Шерозӣ муқоиса намекарданд ва Абдураҳмони Ҷомӣ низ ин санади ҷолибро дар асараш баён намекард.
Дар яке аз қадимтарин нусхаҳои девони Камоли Хуҷандӣ, ки соли 1422, яъне 22-сол баъд аз даргузашти адиб аз тарафи Дарвеш Аҳмад ибни Муҳаммад ном китобе дар Шероз таҳия гардидааст, ки шоир ба унвони “...маликушшуаро Шайх Камоли Хуҷандӣ” сабт шудааст. Дар ин ҷо ду ҳақиқат равшан мегардад. Аввал ин ки дар аҳди худ дар Шероз низ шуҳрат доштани Камол ва дигаре дар доираи адабии Табрез дорои мақоми босазо, яъне маликушшуарои фахрии адибон ва шоирон будани ӯ.
Камоли Хуҷандӣ умри азизи худро дар сафар гузаронида ва дар айёми пиронсолӣ Табрезро барои зиндагии доимӣ интихоб карда ва соли 1400 дар он ҷо олами ҳастиро падруд мегӯяд. Имрӯзҳо мазори шоир ва мутафаккири тоҷик, дар Табрез воқеъ буда, зиёратгоҳи хос ва ом гардида, ӯро ба ҳайси намояндаи бузурги адабиёту фарҳанги миллати шарафманди тоҷик шинохтаанд ва мешиносанд.
Мувофиқи сарчашмаҳои адабию таърихӣ осори боқимондаи Камоли Хуҷандӣ ба чордаҳ ҳазор байт мерасад. Девони ашъори шоир баъд аз даргузашти ӯ, аз ҷониби донишмандон ва котибон чандин маротиба мураттаб гардида аст. Аммо бо гузашти вақт бештари онҳо аз байн бурда шуда, то ба имрӯз танҳо ҳашт ҳазор байт боқӣ мода аст, ки аз ин теъдод, қисми зиёди онро ғазал дар бар мегирад.
Асоси эҷодиёти Камоли Хуҷандиро ашъори ватандӯстона, ғазалҳои шодибахши ошиқона, таронаҳои вафодориву садоқат, самимияту саховат, мардонагиву шуҷоат ва умуман, андешаҳои амиқ оид ба инсони комил ташкил медиҳад.
Аз ҷиҳати маънӣ ғазалиёти Камоли Хуҷандӣ асосан ба тараннуми ишқ, лаззати қалбии ин эҳсоси наҷиби инсонӣ, васфи қомати ёр, чашму абрувони дилдор, нозу истиғно ва карашмаю ғамзаи паричеҳрагони бемеҳру вафо, тасвири ҳусни зоҳирӣ ва ботинии нигори шӯхшанги дилрабо ва амсоли ин бахшида шуда, ин ғазалҳо бо содагӣ ва хушоҳангии худ касро мафтун мегардонанд.
Ишқ дар тасаввури Камоли Хуҷандӣ ҳавасу бозӣ нест, ин чун асоси ҳастӣ ва боиси зиндагӣ, ҳатто бо ҳукми ақл ҳам тобеъ набуда, вуҷуди ошиқро фаро мегирад, ақлу шуури ӯро тасхир мекунад. Ошиқ ҳатто аз ҳастии хеш мегузарад, дар ин роҳ замину замон ё ҳамроз ва ё мухолифи ӯ мегардад. Чунин ишқ инсонро сарбаланд ва комёб мегардонад. Ба ақидаи шоир:
Ишқ дар тинати дилҳо намак аст,
Сӯзи ошиқ зи само то самак аст.
Маҳз бо туфайли чунин ишқ умр мазмун пайдо мекунад ва ба гулу баҳор нашъаи ҷонбахш медиҳад. Ин эҳсоси латиф қалбу рӯҳи инсонро аз фикру андешаҳои ғализона пок намуда, ба роҳи дурусти зиндагӣ далолат менамояд. Камоли Хуҷандӣ ҳам ба мисли Саъдӣ ва Ҳофиз дар саросари осораш, пеш аз ҳама, ишқи инсони комил, ишқи заминӣ, ишқи одами зиндаи пурҷӯшу хурӯшро васф менамояд ва ҳамеша инсонҳоро ба некномӣ, вафодорӣ, садоқат ба ватану фарҳанги хеш даъват намуда, соҳиби чунин ишқро инсони муътабар медонад.
Гадозода Муҳаммадшариф, омӯзгори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, номзади илмҳои филологӣ, майори милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика