Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби «Тоҷикон»-шиносномаи таърих ва тамаддуни миллати тоҷик

1029

Китоби «Тоҷикон»-и Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров аз соли нашр зуд дар доираҳои бонуфузтарин илми ҷаҳонӣ эътироф гашта, ҳамчун як асари барҷаставу бунёдӣ дар илми таърих шинохта шуд. Дар пайравӣ ба ин асари бузург донишмандони зиёде кӯшиданд, ки китобе оид ба таърихи халқи худ биофаранд ва дар ин замина асарҳои фаровоне ба нашр расиданд, вале «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ягонаву беназир боқӣ монд. Ин шоҳасар таърихи пурҳаводиси халқи тоҷикро аз аҳди бостон то ба Инқилоби Октябр дар бар мегирад ва саршор аст аз далелу арқоми раднопазир, тафсиру андешаву мулоҳизоти ҷолибу саҳеҳ. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарсухан ба китоби «Тоҷикон» (нашри тоҷикии соли 1998), аз ҷумла, навиштаанд: «Хонандаи тоҷик тавассути «Тоҷикон» аз мақоми худшиносӣ ба омӯхтани таърихи гузаштаи худ рӯ овард. Ва ба саволҳои зиёди «Аҷдоди мо киҳо буданд?», Аз куҷо ба зиндагӣ шурӯъ карданд? Чи тавр давлат сохтанду давлатдорӣ карданд? Бо чӣ роҳу дастуре ба арсаи илму адабиёти оламшумул пой гузоштанд? Дар таърихи башарият чӣ мақому поя доранд?» посухи дақиқ ва муфассал ёфтанд». Воқеан ҳам, ин шоҳасар маълумоти фаровонеро дар бар мнгирад ва равзанаи вусъатмандест ба олами пуршебу фарози таърихи ғановатманди халқи бостонгуҳари тоҷик. Шоҳасари «Тоҷикон» аз ду китоб, шаш фасл ва нуҳ боб фароҳам омадааст. Он ба дараҷае пурмуҳтавою фарогир аст, ки дар ситоишаш муҳаққиқони варзида суханҳои баланд гуфта, аз ҷумла, «шиносномаи таърих ва тамаддуни миллати тоҷик» номидаанд. Дар ин китоб ба тамоми паҳлуҳои ҳаёти халқи тоҷик дар моварои асрҳову замонҳо, ҳам аз ҷиҳати сиёсиву иқтисодӣ ва ҳам аз лиҳози иҷтимоию фарҳангӣ дахл карда шудааст. Солҳои зиёдест, ки мутахассисони тамоми соҳаҳо зимни омӯзишу пажӯҳиш рӯй ба «Тоҷикон» меоваранд, онро бо диққат саҳфа мезананд ва гавҳари мақсуд дастрас мекунанд. Ин китоби пурарзиш барои ҳар як фарди Тоҷикистон сарчашмаи муҳими худомӯзӣ мебошад ва ҳар як хонанда метавонад аз он баҳрабардорӣ намояд, далелу арқоми дилхоҳ ба даст орад, донишашро такмил бубахшад. Китоби «Тоҷикон» барои дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани анъанаҳои неки ниёгон, шинохти воқеияти таърихӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон аҳамияти хеле муҳим дорад. Ин шоҳасар моро даъват менамояд, ки аз гузашта сабақ бигирем, биомӯзем, худрову гузаштагони худро нек бишносем, аз оламу одам бохабар бошем. Чунонки мегӯянд, омӯхтани таърих танҳо ба хотири донистани маҷмӯи ҳодисаву воқеаҳои гузашта нест, балки барои он ҳам зарур аст, ки дар ин замина баҳри таъмини имрӯзу фардои шукуфои халқу миллати хеш ҳиссагузор бошем. «Тоҷикон» парда аз рӯи бисёр воқеияти таърихии мансуб ба халқи тоҷик ва халқҳои ҳамсояву ҳампаҳлую ҳамтақдири тоҷикон бардошт ва ҷаҳониёнро бо таърихи асилу воқеии миллати сарбаланди мо ошно сохт. Аллома Бобоҷон Ғафуров оид ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа асарҳо офаридаанд, ки теъдодашон беш аз 400 аст, вале «Тоҷикон» дар меҳвари осори ин шахсияти барҷаставу сарсупурдаи миллат қарор дорад. Он асари безаволу мондагор, асари бунёдист. Амали басо ватандӯстонаву миллатпарастона аст, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навинашон ба Маҷлиси Олӣ дастур доданд, то китоби «Тоҷикон» бо теъдоди калон чоп карда, дастраси ҳар хонадони аҳли Тоҷикистон гардонда шавад. Акнун ин шоҳасар узви ҳар як хонадони кишвар ва зиёбахши дилу дидаҳо мегардад. Воқеан ҳам, «Тоҷикон» сазовори ҳама гуна арҷгузорист, зеро он, ба таъбири Пешвои миллатамон, «муътабартарин сарчашмаи худогоҳиву худшиносии миллист».

Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun3

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика